Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои сокиноне, ки хонаҳояшонро дар офати табиии чанд рӯзи охир аз даст доданд, оғоз шуд.

Бар асари фурӯравии замин рӯзи 8 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Ифтихор, деҳаи Навободи ноҳияи А. Ҷомӣ 20 манзили истиқоматӣ пурра хароб шуда ва 100 гектар киштзор ба коми нестӣ рафт.

–Барои ин 20 оила 0,10 сотиқи замини наздиҳавлигӣ дар ҷойи амн дода шуд, — гуфт сухангӯи ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов.

Гуфта шуд, бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон масолеҳи сохтмонӣ ба мардуми зарардида аз офати табиӣ Ҷамоати деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дастрас карда шуд. Тибқи иттилои расида, масолеҳи сохтмонии дастрасгардида аз 300 тонна семент, 60 тонна арматура, 300 куб тахта ва 3000 дона шифер иборат аст. Ҳоло сохтмони манзилҳои истиқомати дар деҳаи мазкур оғоз гардиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here