Омодасозии мутахассисони босалоҳияти муҳандисӣ ва коргарони ихтисосҳои асосии маҳаллӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон мавзӯъи марказии мизи гирде буд, ки рӯзи 18-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Данғара бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) баргузор гардид. Ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати дастаҷамъона эҷод намудани пояҳои дониш ва тавоноӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз ҷониби ҳамаи тарафҳо ва коршиносони соҳа баррасӣ шуд.

Донишгоҳи давлатии Данғара мизбони намояндагони  корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, вазоратҳои марбута ва созмонҳои байналмилалӣ гардид, ки муштаракан масоили рушди соҳаро дар кишвар, бо таваҷҷуҳи махсус ба омилҳои калидии омодасозии мутахассисон ва роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ миёни соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва муассисаҳои таълимӣ бо ҳадафи фароҳам овардани имкониятҳои бештари омӯзишӣ дар соҳа баррасӣ карданд.

Файзалӣ Раҷабов, раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, мегӯяд: “Донишҳои замонавӣ ба тиҷорат имкон медиҳанд, ки бо маҳсулоти хуби худ марзҳоро убур карда, аз як соҳибкории маҳаллӣ ба бозори байналмилалӣ роҳ ёбад. Мушкили дарёфти мутахассисони босалоҳият дар самтҳои асосӣ барои рақобатпазирии муассири саноати мо монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Дар мизи гирд мо доир ба масъалаҳои марбут ба мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои тахасссусӣ, боло бурдани сифати таълим, тақвияти дониши омӯзгорон, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба соҳа ва ғайра суҳбат кардем”.

Иштирокдорони мизи гирд вазъи феълии ҳамкориҳо миёни соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимиро баррасӣ карда, имкониятҳои нави қадам ба қадам беҳтар намудани ин ҳамкориҳоро муайян намуданд. Ҳамчунин, стандартикунонии низоми таълим ва барномаҳо, фароҳамории имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯён ва пешниҳоди корҳои рақобатпазир ва ҷолиб ҳам баррасӣ гардид.

Намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират, ва шуғли аҳолӣ, раҳбарият ва муаллимони донишгоҳҳои олии соҳавии Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Исфара ва меҳмонон аз шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон муҳиммияти мавзӯъҳои мизи гирдро таъкид карданд.

Иштирокдорони чорабинӣ, ҳамчунин, аз корхонаи маҳаллии коркарди ниҳоии нахи пахта «Ҷжунтай-Данғара Сил Силу Текстил» ва маркази омӯзишии “Чаманоро”-и Донишгоҳи давлатии Данғара дидан карда, бо сохтор, фанновариҳои муосир, мудирияти сифат, бозорёбӣ ва фурӯши маҳсулот, раванди бозомӯзии кормандон ва ғайра шинос шуданд.

Мизи мудаввар аз тарафи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ), ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, гузаронида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь