Абдикарим Алимбоев раиси вилояти Ботканди Қирғизистон таъин шудааст, хабар додааст маъмурияти ин вилояти Қирғизистон рӯзи чоршанбе ба Интерфакс.

“Дар ҷаласа намояндаи нави ваколатдори ҳукумат дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбоев муаррифӣ шуд”, – гуфтаанд аз маъмурияти ин вилоят.

Алимбоеви 48-сола дар гузашта сардори ситоди кулл – муовини раиси Хадамоти марзбонӣ буд.

Абдикарим Алимбоев соли 1995 Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистонро хатм кардааст. Соли 2006 дар Академияи ҳарбии Хадамоти бехатарии Федератсияи Русия (ФСБ) таълим гирифтааст. Соли 2008  курсҳои олии академӣ дар Академияи ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русияро гузаштааст.

Шоми рӯзи гузашта намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар минтақаи Ботканд Омурбек Суваналиев ва муовини ӯ Эрлан Сапарбоев аз вазифа сабукдӯш карда шуданд.

Сарвазир Улукбек Марипов инчунин мушовири худ Арзибек Бурканов, ҳокимони ноҳияҳои Бодканд ва Лейлекро аз вазифа сабукдӯш кардааст.

Коршинос Умед Ҷайҳонӣ бар ин ақида аст: «Қирғизистон раёсати вилояти Бодкандро ба низомиён вогузор кард. Раиси нави вилояти Бодканд сарҳанги марзбонӣ шуд. Ин интисоб ба ин маънӣ аст, ки Қирғизистон вилоятро ба ҷабҳа табдил медиҳад ва аҳолӣ ва иқтисоди онро барои ҷанг басиҷ мекунад. Аз ин пас дастдарозиҳои Қирғизистон барномарезишудатар ва низомиёнатар хоҳанд шуд. Омода бояд буд».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь