Рӯзҳои наздик миқдори зиёди воксани зидди коронавирус аз ҷониби Олмон ба панҷ кишвар фиристода мешавад. Гуфта мешавад, ин воксани «AstraZeneca» аст.

Сухангӯи ҳукумати федералии ин кишвар гуфтааст, ки Афғонистон 213600 воя, Эфиопия 271200 воя, Судон 357600 воя , Тоҷикистон 100800 ва Узбекистон 355200 воя воксан мегиранд. Гуфта мешавад, ки ин кишварҳо ба воксан ниёз доранд. Мувофиқи маълумоти СҶТ, дар ин кишварҳо эҳтиёҷ ба воксан махсусан зиёд аст. Онҳо акнун метавонанд аз ин воксан мустақиман дар барномаҳои эмгузаронии худ истифода кунанд.

Олмон барои рафъи пандемӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ 30 миллион вояи воксани коронавирус тақдим кард. Дар ин бора 9 август зимни нишасти хабарӣ намояндаи Девони Вазирони Олмон Улрике Деммер изҳор дошт.

«Олмон ин вояҳоро асосан тавассути ташаббуси COVAX интиқол дод», — афзуд Деммер.

Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи воксани ширкати «AstraZeneca» меравад, ки акнун ба Афғонистон, Судон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эфиопия ворид мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here