Се тан аз олимони АМИТ бо як нома, ки ба редаксия расид, ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кардаанд, ки дар мавзеи Куҳдомани Душанбе муҷассамаи Модар афрохта шавад. Дар матни ин пешниҳод омадааст (айнан):

“Пешниҳод менамоем, ки дар мавзеи шимолу шарқии шаҳри Душанбе (дар мавзеи Нагорный) як гулбоғ таҳти «Гулгашти Модар» таъсис дода шавад. Дар он боғ муҷассамаи (ҳайкали) Модар таҳрезӣ гардад, ки дар як дасташ гирдачаи калони нони тоҷикӣ ва дар дасти дигараш кӯдак ҷой дошта бошад.

Ҳайкали Модар дар баландии теппа сохта шуда,  ба тарафи шаҳри Душанбе назора намояд, ки ба андешаи мо чи қадар гуворо мебуд… Дар он боғ тамоми дарахтони соафкан ва мевадиҳанда шинонда шаванд, ки аз гашту гузори он сайёҳон ва шаҳрвандон ҳаловат баранд.

Дар пояи ҳайкал агар чунин мисраҳо навишта мешуданд ба андешаи мо хело  гуворо мегашт:

Занон зи дониш зеваре доранд,

Умеди рӯзгори беҳтаре доранд.

Агар аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбарон модаре доранд.

Мо ин пешниҳоди хешро ба  Мақомоти иҷрояи давлатии шаҳри Душанбе пешкаш менамоем ва умед мебандем, ки он таҳлили хешро меёбад.

Бо эҳтироми,

Саидов А.С., Ҷумъаев Б.Б., Партоев Қ.,

докторони илм, олимони Академия миллии илмҳои Тоҷикистон».

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Ин шеърро кадом шоир навишта бошад-а? Шояд ба назари банда чунин менамояд, ки банду басти он андак таҳрир мехоҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь