Офатҳои табиие, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  рух додаанд, аз худ беша аз 91 миллион сомонӣ хисорот гузошта, ҷони 7 касро рабуданд.

Нишасти хабарии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон

Сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Вафо Ашӯров зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки зазрари офати таббии дар ноҳияи Ҷомӣ 4 миллиону 211 ҳазору 814 сомонӣ, ноҳияи Вахш 22 миллиону 710 ҳазору 600 сомонӣ, шаҳри Кӯлоб 45 милиону 975 ҳазору 508 сомониро ташкил дод.

– Дар шаҳри Кӯлоб аз 43 хонаҳои пурра зарар дида 14 манзили зист пурра барқарор карда шуда, дар ноҳияи Ҷомӣ аз 20 хонаи зарардида алакай 7 хонааш пурра ба истифода дода шуда, дар ноҳияи Вахш бошад 14 манзили истиқоматӣ пурра сохта ба истифода дода шуд, – илова кард ӯ

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиидошта, офати табиӣ, ки дар натиҷаи  боришоти борони зиёд, омадани сел ва баланд гардидани сатҳи оби зеризаминӣ, кандашавии қабати замин (эрозия) дар моҳҳои март, апрел ва майи соли 2021 ба амал омада буданд, 13 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

–  Маблағи умумии зарари расонидашуда 90 миллиону 942 ҳазору 320 сомониро ташкил дод. Мутаассифона, 7 нафар талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд, – гуфт Вафо Ашӯров.

Зикр шуд, ки ҳамагӣ дар ин давра 289 ҳолати фавқулодаи дорои хусусиятҳои гуногундошта дар вилоят ба қайд гирифта шудаанд, ки дар пайи он 75 нафар ба ҳалокат расида, 177 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Маблағи умумии зарар аз ҳолатҳои фавқулода 91 миллиону 861 ҳазору 161 сомониро ташкил додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь