Ҳунарманди саршинос ва номдори санъати театри тоҷик Мушаррафа Қосимова рӯзи 1-уми апрели соли ҷорӣ дар синни 101-солагӣ дар шаҳри Душабе чамш аз олам пўшид.

Маросими видоъ бо ин ҳунарманди нотакрор рӯзи 2-юми апрел соати 12 баргузор шуд, ки дар он ҳунарпешагон, намояндагони Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ва алоқамандони ҳунараш ҷамъ омаданд.

Нахуст Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба аҳли ҳунар ва оилаи марҳум тасаллияти Ҳукумати кишварро ироа дошт. Мавсуф дар зимн иброз дошт, ки «муаллимаи азиз, ҳарчанд ҷисман аз байни мо рафта бошанд ҳам, аммо ҳунару нақшҳои бешумори офаридаашон бо мо ҳастанд ва номи некашон ҷовидонист».

Инчунин, Ҳунарманди мардумӣ Носир Ҳасанов суханронӣ намуда, зикр намуд: “Вақте ҳарф дар бораи театру синамо меравад, бидуни номи Мушаррафа Қосимова наметавон онро ҳусни оғозу анҷом бахшид”.

Ҳунарманди дигари театру синамо Майрам Исоева дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки «бо Мушаррафа Қосимова хотираҳои зиёд дорам. Мо бо ҳамроҳии он кас зиёда аз 60 сол якҷоя фаъолият намудем”.

“Ҷуръат даркор”

Ёдовар мешавем, ки Мушаррафа Қосимова бо вуҷуди хизматҳои шоёнаш дар рушди театр ва синамои тоҷик ҳеҷ кадом унвони давлатиро надошт. Вобаста ба ин, рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков зимни сӯҳбат бо мо чунин иброз дошт: “Вазорати фарҳанг ба тариқи истисно ба президент пешниҳод мекард, ки дар 90 ё 100 солагиаш ҳаминро ифтихоран ё ба тариқи истисно тақдим кунем, лекин барои ин ҷуръат даркор…”

“Муҷассаи модар аз ягон нақши Мушаррафа Қосимова гузошта шавад”

Одили Нозир, рӯзноманигоре, ки пайваста аз театру фарҳанг менависад, пешниҳод намуд, ки “чандин сол мешавад, ки дар Душанбе гузоштани масъалаи муҷассамаи модар баррасӣ мешавад, ман пешниҳод мекардам, ки рамзи ҳайкали модар аз ягон нақши Мушаррафа Қосимова гирифта гузошта мешуд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь