Шӯрои уламои Идораи мусалмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷаласаи навбатии худ Нуриддин Холиқназаровро муфтии Ӯзбекистон ва раиси Идораи мусулмонони ин кишвар интихоб намуд. Гуфта мешавад, ки муфтии нав қаблан дар вазифаи имом-хатиби шаҳри Тошканд кор мекард.

Нуриддин Холиқназаров соли 1968 дар шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон ба дунё омадааст. Соли 1992 мадрасаи “Мири Араб”-и Бухороро хатм намудааст. Баъд таҳсилашро дар Донишкадаи исломии Имом Бухории шаҳри Тошканд давом дода, соли 1998 онро муваффақона тамом кардааст.

Соли 2007 дипломи Донишгоҳи давлатии Фарғонаро ба даст овардааст. Анд муддат дар масҷиди “Аҳмадалӣ Махдум”-и шаҳри Асака имоматӣ кардааст. Баъд ба шаҳри Тошканд омада, имом-хатиби масҷиди “Оқ-Теппа” тайин шудааст.

Дар давоми фаъолият ба кори мударрисӣ низ пардохта, дар мадрасаи “Кӯкалдош”-и шаҳри Тошканд, мадрасаи “Саид Муҳиддин Махдум”-и вилояти Андиҷон ба шогирдон сабақи динӣ додааст. Инчунин ба ҳайси имом-хатиби вилояти Андиҷон адои вазифа намудааст.

Нуриддин Холиқназаров аз соли 2019 дар вазифаи имом-хатиби шаҳри Тошканд кор кардааст.

Чанде муқаддам раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон, муфтӣ Усмонхон Алимови 71-сола бар асари як бемории сахт вафот намуд ва то ин замон ба ҷои ӯ касеро интихоб накарда буданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here