Рӯзи 26-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе Портали савдои Тоҷикистон (www.tajtrade.tj) расман муаррифӣ гардид. Маросими рӯнамоии портал аз ҷониби Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВРИС) ва Маркази байнулмилалии тиҷорат (МТБ) бо ёрии молии Ҳукумати Швейтсария ва ҳамкорони дигари рушд – Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.  

Портали савдои Тоҷикистон платформаи интернетиест, ки тартиб ва  расмиёти содиротӣ ва воридотии маҳсулотро аз нуқтаи назари тоҷирону соҳибкорон қадам ба қадам шарҳ медиҳад. Дар портал ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои лозимӣ, ба монанди иҷозатномаҳо, сертификатҳое, ки соҳибкорон бояд аз сохторҳои танзимкунанда дар марз дастрас намоянд ва ё ба онҳо пешниҳод намоянд, инчунин нархномаи хизматрасониҳо дар шакли содда ва осонфаҳм нишон дода шудааст.

Портали савдои Тоҷикистон идомаи талошҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати соддагардонии расмиёти савдо ба манфиати бахши соҳибкории Тоҷикистон мебошад.

Завқӣ Завқизода, Муовини якуми вазири рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон, дар суханронияш дар маросими муаррифии Портал дар ҷамъи доираҳои тиҷоратӣ ва намояндагони ниҳодҳои давлатии кишвар, дипломатҳои хориҷӣ ва ҳамкорони байнулмилалӣ, гуфт: «Портали савдои Тоҷикистон таҷрибаи нахустин дар фаъолияти савдои хориҷии кишвар буда, ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ имкони гирифтани маълумот оид ба расмиёт ва ҳуҷҷатгузории содирот ва воридоти молро фароҳам оварда, вақт ва хароҷоти соҳибкоронро коҳиш медиҳад”.

МТБ барои таъсиси портал ёрии техникӣ расонида, иқтидори ниҳодҳо ва мутахассисони миллиро ҷиҳати роҳандозиву мудирияти самараноки он боло бурдааст. Тайи якуним соли охир маълумот ва тартиботу муқаррарот доир ба 39 маҳсулоти асосии содиротиву воридотии кишвар зери роҳбаладии МТБ ҷамъоварӣ ва ба портал илова карда шуд. Ин равандҳо аз ҷониби сохторҳои танзимкунанда дар  марз низ тасдиқ шудаанд, то маълумоти портал саҳеҳу дақиқ бошад ва тоҷирон аз он баҳра баранд. Барои идомаи босуботи фаъолияти портал МТБ ва ВРИС ҷиҳати сохтори мудирияти портал ба мувофиқа расида, барои мудирияти фаъолияти он кормандони масъулро омӯзиш медиҳанд, то портал дар оянда ҳам фаъолияташро ба таври муназзам идома диҳад.

Алина Фетисова, мушовири МТБ доир ба соддагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон, мегӯяд: «Дар қадами баъдӣ, МТБ мехоҳад ба сохторҳои давлатӣ ёрӣ диҳад, то бо истифода аз таҳлили маълумоти портал барои таҳияи ислоҳоти соддагардонии савдо иқдом намоянд».

Портали савдои Тоҷикистон як василаи муҳим ҷиҳати таъмини шаффофият буда, он ҳам ба бахши хусусӣ ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон судманд аст. Барои соҳибкорон он сарчашмаи маълумоти пурра доир ба қоидаву қонунгузорӣ дар соҳаи савдо буда, бо ин роҳ вақт ва маблағи соҳибкоронро барои ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот сарфа мекунад ва хатари дер кардан ва банд мондани бор дар марзро ба сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи қоидаҳои воридот ва ё содирот кам мекунад. Портал ба сиёсатгузорон имкон медиҳад, то ҳамаи садду монеаҳои нолозими мавҷудаи маъмурӣ дар савдоро муайян намоянд. Портал ба Ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, то равандҳои тиҷоратро, ки ба нафъи доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон мебошад, тавассути Кумитаи соддагардонии расмиёти савдо (КСРС) мукаммал ва соддатар гардонад. Дар дастрасии умум қарордоштани ин ҳама маълумот дар интернет ҷузве аз ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Созишномаи соддагардонии расмиёти савдои СУС (Моддаи 1.2) мебошад.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь