Масъулини Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки назоратро дар самти хушзот кардани чорвои калони шохдор дар кишвар пурзӯр кардаанд. Хушзоткунии чорво бо усули бордоркунии сунъӣ дар 297 адад нуқтаи бордоркунӣ дар шаҳру навоҳии кишвар сурат гирифтааст.

— Ба ҳолати 1-уми июли соли равон ҳамагӣ 15 187 сар чорвои калони шохдор тариқи сунъӣ бордор карда шуданд, ки аз ин ҳисоб 11 845 сар гӯсолаи хушзот гирифта шудааст. Бо ин амал дар муқоиса бо соли гузашта 187 сар чорвои калон зиёд бордор карда шуда, 43 сар гӯсолаи хушзот бештар гирифта шудааст, — гуфт раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон Маҳмадсаид Файзуллозода зимни нишасти матбуотӣ.

Хушзоткунии чорвои калони шохдор дар ҳудуди кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки масъулини Кумитаи мазкур мегӯянд, барои вайрон кардани қоидаҳои зотпарварӣ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Аз ҷониби кормандони Кумита дар нимсолаи равон барои вайрон кардани қоидаи мазкур 5 парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 6000 сомонӣ ҷарима баста шудааст

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here