Се тан аз варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Токио ба қувваозмоӣ шуруъ карданд, ки ду нафар комёб шуданд ва яке дигар ба шикаст мувоҷеҳ шуд.

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг ба муқобили варзишгар аз Доминикан Леонел Сантос Нунез ба ринг баромада, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Акнун ӯ дар даври 1/8-финал бо ғолиби ҷуфти Чинзогир Баатарсух (Муғулистон) / Элнур Абдураҳимов (Ӯзбекистон) вомехӯрад.

Муштзани дигар Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Сомон Маҳмадбеков аз намуди куштии ҷудо дар вазни -73кг  рақобати аввалини худро бо ғалаба оғоз кард. Сомон бар ҳарифи худ Аҳмад Аликай аз дастаи паноҳандаҳо дастболо шуда, ба даври дигар роҳхат гирифт. Дар даври 1/16-финал Сомон Маҳмадбеков ба варзишгари кишвари Гамбия Файе Нжие ғолиб омад. Акнун дар даври 1/8-финал Сомонро ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, паҳлавони  муваффақи озарӣ Рустам Оруҷов имтиҳон мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here