«Дар тафриқа аз дигарон Абдурофеъ Рабиев (Шераки Ориё) мушкилае чун пайдо кардани мавқеи хешро дар ин дунёи пурпеч надорад. Ба пиндори банда, ӯ рисолати нависандаро низ хуб дарк кардааст, яъне ҳодӣ (ҳидоятгар) будан, то ки дар пайгирӣ ҳар нафар тавонад меъёрҳои маънавии худро пайдо ва муқаррар бисозад.

Мавқеи нависанда мушаххас бошад: ба одамон на носеҳи бегона, балки ҳамдилу ҳамнафас зарур аст, ки шарики шодию ғамашон шуда бошад.

Ба матои тасвир унсурҳои асотир, қиссаю андарз афзуда, новелланавис имконоти нави ифодаи фасеҳ кашф мекунад ва дар ин ҷода сабкеро меофарад, ки танҳо хоси ӯ мебошад…» – ҳамин тур баҳо додаанд дар бораи эҷодиёти ӯ пажӯҳишгарони хориҷӣ.

Навиштаҳои Абдурофеъ рабизода бо забонҳо инглисӣ, фаронсавӣ, ҷапонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, поякӣ, қазоқӣ, украинӣ, белорусӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испониву арабӣ, яъне ҷамъулҷамъ ба чил забони хориҷӣ тарҷума шудаанд. Вай муаллифи зиёда аз сад китоби нашршуда мебошад, яъне 86-то бо тоҷикӣ ва 11-то бо русӣ ва сето бо инглисӣ ва сето бо узбекӣ.

Ҳамчунин вай муаллифи 43 филми бадеӣ, фалсафӣ ва ҳунарӣ ба шумор меравад dа эҷодиёташ ба ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ мушарраф гардидааст.

Барои шӯҳрат бахшидани адабиёту санъати тоҷик дар арсаҳои байналхалқӣ бо қарори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нависанда ва кинодраматург Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) бо орденҳои «Шараф» мукофотонида шудааст.

Аз миёни мақолаҳои зиёди пажуҳишгарони хориҷӣ доири эҷодиёт ва сабку услуби хосаи вай дуто интихоб шудаанд барои китобе, ки дар Маскав чоп шуда. Навиштаи нахусти ин китоб бо номи «ЛЕВЧИК ДАЛЁКИЙ» (яъне «Шераке аз дурдастҳое»)  омада, бо қалами киноматографист ва шоираву нависандаи номвар, дорандаи ҷоизаҳои зиёди Русия ва хориҷӣ Нина Веселова дахл дорад. Ва навиштаи дуюмаш бо номи «НЕОЖИДАННОСТИ ЛЮБВИ И ЖИЗНИ» (Ишқ ва зиндагии ғайриинтизоре») ба муҳаққиқи эстонӣ Аво СУЗИ мутаалиқ аст, яъне шахсе, ки бастаю шефтаи фарҳанги тоҷик бошаду асарҳои адибони моро дар забони асл мехонад.

Дар ин навиштаҳо, ки дар як китоб ба ҳам омадаанд, таҳлилҳои амиқу мантиқӣ омадаанд доир ба осор ва рӯзгори нависанда ва синамогари тоҷик Абдурофеъ Рабизода, яъне Шераки Ориён…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь