Нашри чоруми Ҷашнвораи филмҳои фаронсавии Душанбе, ки аз ҷониби Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии Бохтар ташкил мегардад, аз 1-ум то 5-уми ноябри соли 2021 баргузор мешавад.

Ҳар бегоҳ соати 17:00 дар қаҳвахонаи “Паркинг” ҷамъ оед, то бо гуногунрангӣ ва сарвати синамои Фаронса – филмҳои бадеӣ, филмҳои мустанад, филмҳои тасвирӣ ва мазҳакаву драмаҳои муосир ошно гардед.

Шоми ифтитоҳ, душанбеи 1-уми ноябри соли 2021, соати 17:00 ба шарофати филми бадеии Самуэл Коллардӣ “Comme un Lion – Мисли шер”(2013), филми саргузаштие дар бораи як ҷавони сенегалӣ, ки баҳри амалӣ гардонидани орзуҳояш дар ҷодаи футбол ба Париж меояд, бахшида мешавад.

Дар намоишҳои минбаъда, ҷашнвора шуморо ба тамошои дигар филмҳои бадеӣ, чун филми “Felicità – Хушбахтӣ”, филми ғалатие дар бораи як оилаи ғайримуқаррарӣ, “Les Contes de la Nuit – Афсонаҳои шабона”, филми тасвирии шоиронае аз устоди аниматсия Мишел Осело, “A la recherche des femmes chefs – Дар ҷустуҷӯи занони ошпаз”, филми мустанаде, ки моро дар паи ошпазҳои бузург ба чор гӯшаи ҷаҳон мебарад ва ниҳоят “Jusqu’à la garde – Ҳимояи фарзанд”,  рамаи муосире, ки моро бо асрори муносибатҳои як оилаи фаронсавӣ ошно месозад, даъват менамояд.

Сафорати Фаронса ба Institut français, Маркази фарҳангии Бохтар ва “Паркинг” барои кумакашон баҳри ташкили ин ҷашнвора изҳори сипос мекунад.

Имсол, бори аввал аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд пахши ҳамзамони филмҳо сурат мегирад!

Ҳамаи намоишҳо бо забони фаронсавӣ бо субтитрҳои русӣ буда, даромад ройгон ва барои ҳама озод аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь