Китоби “Муқовимати сиёсӣ, ҷанг ва сулҳсозӣ дар Тоҷикистон” нахустин маҷмӯаи Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аст, ки дар шаҳри Душанбе бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ тоза ба нашр расид.

Дар  китоб маҳсули фаъолияти созмони мазкур дар ҷараёни ҷамъомадҳои маҳфил вобаста ба мавзӯи ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон оварда шудааст. Вобаста ба мавзӯи ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон, ки дар маҷмӯа омадааст дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” шахсиятҳое сухан гуфта буданд, ки дар он замони пурташвиши кишвар мансабҳои баланд доштанд ва сарнавишти миллионҳо нафар Тоҷикистониҳо аз бархӯрди онҳо вобаста буд. Ҳамчунин дар баррасии мавзӯҳо шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ, коршиносони машҳур, журналистон, намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.  Матни асари мазкур дар асоси суханрониҳои сабтшудаи меҳмонон, баррасии онҳо, ки дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” сурат мегирифт, омода шудааст.

Масалан, дар маҳфилҳои фонд роҷеъ ба воқеаҳои баҳманмоҳи хунини соли 1990 шахсиятҳое чун Қаҳҳор Маҳкамов – нахустин Президенти Тоҷикистон, Бӯрӣ Каримов – раиси Кумитаи планкашии Тоҷикистон дар ҳамон замон, Нурмуҳаммад Табаров – вазири фарҳанги ҳамон замон, Азимқул Азимов -муфаттише, ки воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 – ро таҳқиқ намудааст, суханронӣ доштанд ва ба саволҳои ҳозирон ҷавоб доданд. Дар китоб оварда шудааст. Яъне, сухан аз номи шахсиятҳои аввал, иштирокчиёни бевоситаи воқеаҳо меравад.

Маводи фарогири ин маҷмӯа бо тартиби замони баргузории маҳфилҳо ҷойгир шуда, тарзу услуби шифоҳии баёни маърӯзачиён то ҳадди имкон ҳифз гардидааст.

Дар сарсухани китоб гуфта мешавад, ки дар маҳфилҳои фонд бештар аз 25 суханронӣ оид ба воқеаву ҳодисаҳои даҳаи охири қарни XX шунида шуда, мутаассифона, ба сабабҳои гуногун ҳамаи онҳо дар ин китоб истифода нашуд. “Сабабҳо пеш аз ҳама техникӣ, камтаҷрибагии ҳамкорони мо, махсусан дар марҳалаи аввали оғози фаъолият, боис шуданд, ки ҳолати сабт хуб набуд ва кори барқарор гардонидани матнро душвор карданд. Дигар, ҳоло дар Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ манъ карда шудааст. Лиҳозо, мо матолиби марбути онро истифода набурдем. Сеюм, мушкилоти моддӣ ва ҷисмонӣ ба мо имконият надоданд, ки ҳамаи матолибро ҷамъ орем ва таҳқиқ кунем. Мо умед ба ояндаи нисбатан беҳтаре дорем”.

Китоби мазкур барои сиёсатшиносон, сиёсатмадорон, таҳлилгарон, таърихшиносон, журналистон ва коршиносони ҷанг ва сулҳ асари аҳамиятнок аст, ки дар он факту рақамҳои ҷолиб вобаста ба ҳодисаҳои замони муқовимати сиёсии тоҷикон аз забони меҳмонони маҳфил Назаров Талбак, Сатторзода Абдунабӣ, Достиев Абдумаҷид, Искандаров Акбаршо, Усмонов Иброҳим, Давлат Исмон, Табаров Нурмуҳаммад, Сафаров Сайфулло, Султони Ҳамад, Маҳкамов Қаҳҳор, Каримов Бӯрӣ, Икромов Зафар, Шабистарӣ Алиашраф, Маҳмудов Ҷамолиддин, Ҳайдаров Хайрулло, Раҳмонова Адолат, Азимов Амирқул, Каримов Раҳим (Муллоабдураҳим), Мирзоев Рамазон, Бобосодиқова Гулҷаҳон оварда шудааст.

Баъзе нуктаҳо аз китоб

Назаров Талбак: “Тарафи ҳукумат пешниҳод намуд, ки барои исботи он, ки мо ҳар ду тараф мехоҳем оташбас воқеӣ бошад, бояд роҳбарияти ҶТ ва мухолифин тавассути воситаҳои ахбори омма баромад карда, мардумро даъват намоянд, ки нуқтаҳои оташбасро қатъӣ риоя кунанд. Аммо ин пешниҳод низ қабул нашуд. Шартномаи оташбас, Протоколи комиссияи муштарак тайёр шуду вале ба имзо нарасид”.

Сатторзода Абдунабӣ: “Колосов, Алексей Сухалинский, Александр Мусиенко ва дигарон шаҳодат додаанд, ки чӣ қадар ва дар кадом вақт аз танку БМП-ҳои “Двизияи 201” ва “Полки 101” дар Қурғонтеппа дар куҷо, аз ҷумла дар ҷанги Шар-шар ва дигарҳо, истифода кардаанд. Албатта, ба ин мавзӯъ далелҳои зиёд аст”.

Достиев Абдумаҷид: “Дар Исломобод соли 1994 беҳтарин коре буд, ки мо коммисияи муштарак ташкил дода, протоколашро қабул кардем. Дар асоси он ду тараф панҷнафарӣ шуда омада, дар Тоҷикистон ба сангарҳо рафтанд, ба Афғонистон рафтанд”.

Искандаров Акбаршо: “Зарурат буд, ки ба истеъфои президент баҳои ҳуқуқӣ дода шавад ва маҷбур будем, ки як ҷаласаи дигар даъват кунем. Маслиҳатҳо зиёд буданд, ки ҷаласа дар куҷо баргузор гардад. Дар Душанбе як вақт вакилонро ба гарав гирифта буданд. Аз ин ҷиҳат ба хулосае омадем, ки ҷаласа дар Хуҷанд баргузор гардад”.

Усмонов Иброҳим: “Ҳангоми гусел профессор Бурҳониддин Раббонӣ дастони роҳбаронро ба дасти худ гирифта чунин гуфтанд: «Аз Тоҷикистон рӯҳи сулҳ меояд. Ҳамин сулҳро аз даст надиҳед, мо тоҷикони Афғонистон сулҳро аз даст додем ва акнун барои мо фарзанд ҳам, хурсандӣ ҳам, мотам ҳам, падару модар ҳам Калашников аст, чизи дигар надорем». Маълум набуд, ки ин суханон маслиҳат буданд, машварат буданд ё чизи дигар, аммо ин суханон ба таври ҳамешагӣ дар зеҳни ман нишаст ва ҳеҷ гоҳ онро фаромӯш намекунам.

Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯйи тамаддунҳо” 19-уми октябри соли 2012 аз ҷониби профессор Иброҳим Усмонов таъсис дода шудааст. Ин фонди ҷамъиятӣ ба таҳқиқи масъалаҳои гуманитарии Тоҷикистон, аз ҷумла таърихи муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, таърихи халқи тоҷик, фарҳанг ва забони вай, таърихи ташаккули зиёиёни тоҷик, ҳамчунин масъалаҳои геополитикаи Осиёи Марказӣ машғул аст. Ҷамъомадҳои Фонд маъмулан моҳе як бор баргузор гардида, ба онҳо алоқамандон тавассути шабакаҳои интернетӣ хабар карда мешаванд. Дар маҳфилҳои Фонд олимон, адибон, рӯзноманигорон, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷунбишҳои ҷамъиятӣ, намояндагони дигари зиёиёни эҷодкор, донишҷӯён иштирок мекунанд.

Боназардошти он, ки ҳар кас ҳақиқати худро дорад, барандаи маҳфилҳои Фонд бо сухангӯйҳо баҳс намекунад ва ба иштирокчиёни дигар низ маҷол намедиҳад, ки ба баҳс дароянд ва ҳақиқати худро гӯянд. Донишманди тоҷик, раиси Фонди Ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” ҳамеша такрор мекунад: “Мо ҳоло ҳақиқати фалониро гӯш кардем, шояд ин ҳақиқат моро қонеъ кунад ё умуман маъқул набошад. Ин кори ҳар кас аст. Фонди мо ба ҳар кадоми шумо, агар майл доред, имконият медиҳад, ки маърӯза кунад ва ҳақиқати худро ҳимоя намояд. Дар ин ҷо, имрӯз бошад, мо дар зарфи 40-45 дақиқа ҳақиқати меҳмонро гӯш мекунем ва дар 40-45 дақиқаи дигар ба ӯ суолҳо дода моҳияти проблемаи ба мо шавқоварро муайян мекунем. Ҳақиқати худро ба воситаи савол ҳам ифода кардан мумкин аст”.

Хуллас, асари мазкур барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шуда, аз аҳамияти илмӣ бархурдор аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь