Дирӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқуллода ва мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исса бо хоҳиши ӯ мулоқот кард.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар ҳоли рушд қарор доранд ва Тоҷикистон ба густариши ин ҳамкориҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламенти Давлати Фаластин ёддовар шуда, хостори бештари ҳамкориҳо шуд.

Сафири фавқуллода ва мухтори Давлати Фаластин ҷаноби Луай Исса аз раванди ободонию шукуфоиҳои кишвари Тоҷикистон ёдовар шуда, махсус таъкид намуд, ки мо воқеан ҳам бояд аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон сабақ гирем.

Ҷонибҳо ҳамчунин аз омода гаштани лоиҳаи 20 санади ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Давлати Фаластин изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ин маҷмӯи санадҳо Созишномаҳое мебошанд, ки 7 тои он дар арафаи тасвиб буда, 6 санади дигар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

– Боварӣ дорам – гуфт Маҳмадтоир Зокирзода, – ташрифи шумо дар густариши муносибатҳои оянда, таъмини шарикии судманди байни кишварҳоямон, хулоса дар ҳамаи самтҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаластин саҳми арзанда мегузорад. Мо аз ҷониби худ омода ҳастем, ки дар таҳкими муносиботи байнипарлумонии кишварҳоямон ба хотири густариш ва равнақу шукуфоии ду миллати дӯсту бародар мусоидат намоем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь