Мудири қисми илмии синфҳои ибтидоии мактаби тоҷикии ба номи Садриддин Айнй, воқеъ дар деҳаи Учқурғони ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодкони Қирғизистон Ҳурматхон Аҳмадалиева бо унвони «Омӯзгори шоистаи Қиргизистон” сарфароз гардидааст.

Дар ин маврид 30-юми августи соли 2017 фармони президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев содир шудааст, ки мавриди хурсандиву ризояти тоҷикони ин ҷумҳурӣ шудааст.

Аҳмадалиева Хурматхон Ҳакимовна яке аз бехтарин омӯзгорони забону фарҳанги тоҷикӣ дар Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Маҳз бо кӯшиши ин зани оқилу боирода соли 2010 дар Бишкек барои нахустин бор китоби “Алифбо” барои мактаббачагони тоҷики Кирғизистон таҳия ва аз ҷониби Вазорати маорифи Қирғизистон барои чоп тавсия шудааст. Ҳоло дар ҳамаи 9 мактабу синфҳои тоҷикии Қирғизистон шогирдон аввалин ҳарфу овози тоҷикиро аз ҳамин китоб ёд мегиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь