Дар шаҳри Тошканд маросими ифтитоҳи конфронси 46-уми солонаи гурӯҳи Бонки исломии рушд баргузор шуд. Он бо қироати оятҳо аз Қуръони азимушшаън шурӯъ гардид.

Дар конфронси мазкур президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат ва суханронӣ кард. Вай гуфт, беҳуда нест, ки конфронси солонаи ин бонк маҳз дар Тошканд мегузарад ва он маънои рамзиро низ касб менамояд.

-Мо чунин мешуморем, ки Ӯзбекистон дар рушди ҷаҳони ислом саҳми бузурги худро гузоштааст. Инчунин ислоҳоте, ки дар панҷ соли охир пиёда мекунем, боиси эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст,-изҳор кард Шавкат Мирзиёев.

Гуфта шуд, ки ин бонк 57 кишвари ҷаҳонро муттаҳид намудааст ва сармояи оинномавии он 150 миллиард доллари ИМА мебошад. Дар Ӯзбекистон бонки мазкур 30 лоиҳаро то имрӯз сармоягузорӣ карданист, ки маблағи он 2,5 миллард долларро ташкил мекунад.

-Сарзамини Ӯзбекистон дар тӯли асрҳо яке аз марказҳои фарҳанг, илм ва тамаддуни исломӣ маҳсуб ёфтааст. Ин анъанаҳо дар ҳамин ҳол дар мамлакати мо ҳифз шудаанд ва арзишҳои исломӣ рушд менамоянд. Дар мо Маркази байналмилалии ҳадисшиносии ба номи Имом Бухорӣ, Маркази тамаддуни исломӣ ва якчанд маркази илмӣ бунёд ёфтаанд ва фаъолият мекунанд,-гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар пайи суханронии худ сарвари давлати Ӯзбекистон барои бартараф намудани масоили иқтисодӣ дар давраи пандемия ва пиёда шудани чораҳои зиддибӯҳронии фаврӣ ба Бонки исломии рушд ибрози сипос намуд.

Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни ин конфронс оид ба таъсиси Хазинаи таҳкими иқтисодӣ созишнома ба имзо расид, ки интизор меравад, то 500 миллион доллар хазина хоҳад дошт ва барои бартараф намудани фақру камбизоатӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард.

-Дар айни ҳол мушкилоти экологӣ боиси нигарониҳост. Барои ҳамин таваҷҷӯҳи бонкҳо барои ҷорӣ кардани навовариҳо ва технологияҳои экологӣ дар минтақаи Арал иқдоми ногузир мебошад,-иброз дошт Мирзиёев.

Вай афзуд, ки тағйирёбии иқлим, равандҳои муҳоҷират, захираҳои табиӣ ва камбуди хӯрокворӣ нигаронии кишварҳои ҷаҳонро ба бор овардааст. Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки бояд фазои тиҷоративу иқтисодии “Долони сабз аз Африқои Ғарбӣ то Осиёи Шарқӣ” таъсис ёбад.

-Татбиқи он барои густариши робитаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва инвеститсионӣ, инчунин ҳамгироии иқтисодии кишварҳо, рушди устувор хеле мусоидат хоҳад кард,-гуфт президенти Ӯзбекистон.

Раиси Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассир зимни суханронӣ дар конфронси 46-уми солонаи гурӯҳ аз фароҳам овардани чунин имконияти фаровон дар баргузории он ба мақомоти Ӯзбекистон ибрози сипосгузорӣ кард.

Вай афзуд, ки БИР ҳамеша ба Ӯзбекистон ва соири кишварҳои дигар ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо сармоягузорӣ мекунад ва ин раванд минбаъд низ ба таври густарда идома хоҳад кард.

-COVID-19 дунёро ба таназзули амиқ оварда расонд. Бунёди байналмилалии асъор соли 2021 афзоиши шашдарсадии маҳсулоти дохилии ҷаҳонро интизор шуд, вале барқарор намудани иқтисодиёт чандон бобарор нест, зеро он заиф гаштааст ва қишри камбизоати дунё низ аз ин пастравии иқтисодиёт зарари калон дид. Инро дар мамолике низ дидан мумкин аст, ки аъзои мо ҳастанд. Далели ин ба он маънист, ки аксари ин мамолик аз шумори давлатҳои дар ҳоли рушд мебошанд,-гуфт Сулаймон ал-Ҷассир.

Ба таъкиди раиси БИР аксари аҳолии давлатҳои аъзои он ҷавононанд. Дар баробари ин, сафи бекорон 26,7 дарсадро ташкил мекунад. Сулаймон ал-Ҷассир тазаккур дод, ки Корпоратсияи исломӣ аз вақти ташкилшавиаш баробари 78 миллиард доллари ИМА хизматҳои содиротӣ, сиёсӣ ва кумакҳои суғуртаи лоиҳавӣ расонидааст.

-Аз ин миқдор маблағ 2,6 миллиарди он ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ интиқол ёфтааст. Корпоратсияи исломӣ дар мамолики ИДМ хеле фаъол буда, ба он мустақим ё аз роҳи дигар бештар аз 600 миллион доллари ИМА ворид кардааст. Ин маблағ асосан барои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Тотористон ва Қазоқистон ихтисос ёфтааст,-изҳор кард Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассир.

Дар нишасти матбуотӣ Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассир дар робита ба таъсиси Хазинаи нав, ки Шавкат Мирзиёев пешниҳод намуд, гуфт, ки бовар дорад он ҳамчун платформаи молиявии беназир барои лоиҳаҳо ва ташаббусҳои нав мусоидат менамояд. Вай афзуд, ки ин таҷрубаро мебояд дар мамолики минтақаҳои дигар ва олами ислом татбиқ намуд.

Хабарнигори “Фараж” аз Сулаймон ал-Ҷассир пурсид, ки оё ин бонк бо Тоҷикистон низ ҳамкориҳояшро тавсеа мебахшад. Мешавад, ки дар ин бора вай камтар маълумот ироа намояд?

-Дар муқобили ин суол ҳоло танҳо ҳамин нуктаро баён медорам, ки мо дар фазои ИДМ татбиқи лоиҳаҳоро таъмини молӣ мекунем. Албатта, аз ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар канор нест. Мо фаъолиятҳои худро идома хоҳем дод,-гуфт раиси Бонки исломии рушд.

Бино ба маълумотҳои дастрасшуда Тоҷикистон бо БИР чанд созишнома имзо кардааст ва 3 миллиону 700 ҳазор долларро барои иҷрои барномаи роҳбурди бахши омӯзишу парвариш ва илм ихтисос додааст. Инчунин бонк барои татбиқи ду лоиҳа дар вилояти Хатлон дастикам 80 миллион доллари ИМА ҷудо намудааст.

Гуфта мешавад, созишномаҳо дар бораи “Беҳтар намудани хизматрасонӣ барои саломатии модарон, тифлон ва кӯдакон дар чаҳор ноҳияи вилояти Хатлон” ва “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон” аз шумори созишномаҳои имзошуда бо БИР мебошанд, ки маблағи он 26,87 миллион долларро ташкил менамояд.

Тавре ки маълум гардид, мақсади лоиҳаи мазкур муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин насби дастгоҳҳои замонавӣ дар марказҳои тиббии ноҳияҳои вилояти Хатлон ва баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва иқтидори кормандони соҳаи тиб аз роҳи баргузории курсҳои омӯзишӣ мебошад.

Як созишнома барои ба даст овардани маблағи умумии 53,5 миллион доллар ҷиҳати беҳбуд бахшидани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон имзо шудааст, ки бонк онро ба сифати қарз додааст. Он беҳбуд бахшидан ба ҳаёти мардуми деҳотро аз тариқи истифодаи захираҳои об мадди назар доштааст, ки аҳолӣ аз тағйири иқлим ба мушкилот мувоҷеҳ мебошанд.

Дар вилояти Суғд ва шаҳрҳои Кӯлобу Ҳисор низ Бонки исломии рушд 280 ҳазор доллар ва Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ 100 ҳазор доллар барои таҳияи асосноккунии фанниву иқтисодии лоиҳа ҷиҳати таъсиси кластерҳои коркарди меваю сабзавот ихтисос додааст.

Дар нишасти солонаи БИР дар Тошканд як гурӯҳ намояндагони бонкҳои мухталифи Тоҷикистон низ ҳузур доранд. Як намояндаи “Ориёнбонк” бидуни он ки худро муаррифӣ кунад, гуфт, ки бо БИР ҳамкориҳои густардатареро ба роҳ хоҳанд монд. Барои ҳамин ҳоло бо раёсат ва мудирони ин бонк вориди мулоқоту музокира ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки нишасти солонаи БИР то 4 сентябр дар Тошканд идома хоҳад кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here