Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон қарзи барқ аз муштариён ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ зиёда аз 336 миллиону 727 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин қарз 214 миллиону 772 ҳазораш аз аҳолӣ мебошад ва ин вазъ масъулони барқи минтақаро нигарон кардаст.

Роҳбари тиҷоратии филиали  ҶСК “Шабакаҳои барқ” дар шаҳри Кӯлоб Сайвалӣ Мирзоев зикр кард, ки дар зинаи аввали шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб бо доштани 150 миллиону 541 ҳазор сомонӣ, Восеъ 57 миллиону 564 ҳазор сомонӣ,  Фархор 27 миллиону 514 ҳазор сомонӣ, Ҳамадонӣ 23 миллиону 469 ҳазор сомонӣ,  Данғара 16 миллиону 584 ҳазор сомонӣ,  Темурмалик 13 миллиону 120 ҳазор сомонӣ, Муъминобод беш аз  22 миллион сомонӣ ва Ховалинг 15 миллиону 986 ҳазор мебошанд.

Ҳамчунин дар ду ноҳия қарзи барқ  нисбат ба шаҳру  ноҳияҳои боло кам мебошад. Масалан, дар ноҳияҳои  Шамсиддин Шоҳин 6 миллиону 790 ҳазор сомонӣ ва  Балҷувон  1 миллиону 720 ҳазор сомониро  ташкил медиҳад.

Сайвалӣ Мирзоев иттилоъ дод,  ки қарзи истифодабарандагони саноатӣ, ғайрисаноатӣ, кишоварзӣ ва ба онҳо баробаршуда наздики 56 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, соҳаҳои буҷет ва муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ 11 миллиону 675 ҳазор сомонӣ, насосҳои обгузар ва истгоҳҳои обкашӣ, мошинҳои обёрӣ ва нақлиётӣ беш аз 32 миллиону 390 ҳазор сомонӣ ва қарзҳои дигар сохторҳо аз он ҷумла фаъолиятнадошта аз солҳои пеш 20 миллиону 722 ҳазор сомонӣ аст.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. “аз ин қарз 214 миллиону 772 ҳазораш аз аҳолӣ мебошад”. Ана хаминаш комилан дуруг аст. Дуруг хам хад дорад ва ё ба кавле “Итари дам не да” масъулини Барки точик. Агар карзи як оила аз ду мох бештар шавад, аллакай баркашро катъ мекунед ку.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь