Муддати панҷ рӯз дар тамрингоҳи саҳроии “Ғурумсарой”-и Округи ҳарбии шарқӣ машқҳои махсуси тактикии “Ҷангҳои муштарак-2021” баргузор шуданд, ки дар он нерӯҳои низомии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ додааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ меҳмонони тоҷикистонӣ таҳти роҳбарии фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Фатҳулло Идотуллозода дар гузаргоҳи марзии “Андархон”-и ноҳияи Бешатриқи вилояти Фарғона аз тарафи афсарони баландрутбаи Вазорати дифоъ ва афсарони мусъули Округи ҳарбии шарқӣ, намояндагони ҳокимияти маҳалӣ ва вакилони созмонҳои иҷтимоӣ бо тантанаи хос истиқбол гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни машқҳои омӯзишии панҷрӯзаи 26-30 июли соли равон низомиёни ду кишвари ҳамҷавор табодули таҷриба намуданд. Ин машқҳои муштарак 30 июл ба охир расиданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати дифоъи Ӯзбекистон дар маросими хатми ин машқҳои муштарак муовини аввали вазири дифоъи Ҷумҳурии Ӯзбекистон-сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ генерал-майор Шӯҳрат Холмуҳаммадов ва мушовири вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Аъзам Қосимов ширкат намуданд.

Ин манбаъ меафзояд, ки 1 август хизматчиёни ҳарбии Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мустақар дар вилояти Сурхондарёи ин кишвар, барои ширкат дар машқҳои омӯзишии муштараки Ӯзбекистон-Русия-Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд. Ин сарбозон аз тарафи масъулони Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ниҳодҳои маҳаллии он гарму ҷӯшон пешвоз гирифта шудаанд.

Ҳадафи асосии ин машқҳои омӯзишии муштарак таъмини субот дар минтақаи Осиёи марказӣ арзёбӣ мегардад. Инчунин ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ, тарҳрезии амалиёти вижа ва ба омӯзиш ҷалб намудани сарбозон, табодули таҷриба ва амсоли он дар ин машқҳо акси худро хоҳанд ёфт.

Интизор меравад, ки машқҳои муштараки омӯзишии ояндаи низомӣ дар машқгоҳи саҳроии “Майдони Ҳарб” баргузор мегарданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here