Дирӯз дар беморхонаи вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов як нафар аз оилаи Солиевҳо, сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, ки охири моҳи март аз истеъмоли замбурӯғ 11 нафар дар ин оила заҳролуд шуда буданд, фавтид. 

Ин чорумин узви ин оила аст, ки ба ҳалокат расид. Дар ин бора як манбаъ, аз беморхонаи вилоятии ба номи Бури Воҳидов  ба “Фараж” хабар дод.

Ба гуфти сардурухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён М. Давлатзода  баъди ин ҳодиса сурдухтури беморхонаи №2 ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён Идибек Боймуродзода аз вазифа сабукдуш карда шудааст. Ҳамчунин, нисбати ӯ ва як пизишки дигари ин беморхона парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва айни замон онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд.

Тибқи иттилои расида, шаби 27 марти соли равон 11 узви оилаи Солиевҳо аз ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, ки аз истеъмоли занбуруғ заҳролуд шуда буданд, ба беморхона мебаранд ва ҳамин тавр то имрӯз ду ноболиғ ва як зану як марди ин оила ба ҳалокат расиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь