Командони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон 17 нафар кормандро барои риоя накрадни қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ аз кор озод карданд.

Сардори Маркази назорати давалтии санитарию эпидемиологии ноҳияи мазкур Карим Саидов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки кормнадони рондашуда аз дӯкону мағозаҳо ва ташкилоту идораҳо мебошанд.

Манбаъ дар идома афзуд, ки дар 10 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони марказ 325 маротиба санҷиши нақшавиву ғайринақшавӣ гузаронида шуда, 195 нафаре, ки қоидаҳои  санитарию эпидемиологиро риоя намекарданд, ба мабалағи 34 ҳазору 680 сомонӣ ҷарима шуданд.

— 16 мактуб ба мақомоти қудратӣ фиристода шуд, — зикр кард ӯ ва афзуд, — ҳангоми гузаронидани санҷишҳо бештар аз 1,5 тонна маҳсулоти пасифату муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд, ки 20 ҳазору 241 сомониро ташкил медиҳанд.

Карим Саидов, қайд кард, ки кори 15 иншоотро барои риоя накардани ҳолати санитарӣ то бартараф кардани камбудиҳояшон боздошта, инчунин 17 нафарро аз аз кор озод кардаанд.

Ин шахси масъул гуфт, дар 10 моҳи соли равон 12 нафарро барои истифода накардани ниқоби тиббӣ 120 сомонӣ, дар маҷмуъ 1 ҳазору 440 сомонӣ, ҷарима кардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here