Субҳи имрӯз дар бинои Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб сӯхтор ба амал омадааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд.

Бар асари сӯхтор дар Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар Кӯлоб, қисмате аз бинои ин муассисаи таълимӣ сӯхтааст.

Расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки сӯхтор соати 3:50 субҳи имрӯз, 3-юми июн, сар задааст. Гуфта мешавад, ки толори маҷлисгоҳ пурра сӯхтааст ва оташ ба қисмати дигаРи бинои таълимӣ низ расидааст.

Дар ҳоли ҳозир сӯхтор хомӯш карда шудааст. Сабабҳои сар задани оташсӯзӣ маълум нест.

Акс аз хабаргузории «Пайк»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь