17-уми сентябр яке аз кучаҳои деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштичро ба номи Ҷасур Суярқулов гузоштанд. Суярқулов барои ҷасорат бо ордени “Спитамен” дараҷаи 2 қадрдонӣ шудааст, ки 29-уми апрели соли ҷорӣ дар задухурди сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар деҳаи Овчи-Қалъача ба ҳалокат расид.

Суярқулов Ҷасур барои қаҳрамонӣ дар назди давлату миллат бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми июли соли 2021 таҳти рақами 214 бо ордени “Спитамен” дараҷаи 2 (пас аз марг) сарфароз гардонида шудааст.

Дар чорабинии мазкур  раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндагони мақомоти ҳифзу ҳуқуқ, ҳамхидматони марҳум Суярқулов Ҷасур ва аҳли ҷамоатчигии деҳа иштирок доштанд.

Чорабинӣ бо суханронии раиси ноҳия оғоз гардида, Ашуралӣ Ҷалилзода аз корномаи Суярқулов ёдовар шуд ва қаҳрамонии ӯро намунаи ибрат баҳри насли наврас таъкид кард.

“Суярқулов Ҷасур ҳамчун корманди масъули қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши ҳифзи суботу оромии Ватан ва амнияти давлату ҷомеаи кишвар қарор гирифта, баҳри ҳифзи марзу буми кишвар ва зиндагии осоиштаи мардум қаҳрамонии бемисл нишон дод. Корнамоии ӯ намунаи ибрат барои насли наврас буда, баҳри боло бурдани ғурури миллӣ, ҳисси меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ минбаъд низ хидмат хоҳад кар”, — зикр кард раиси ноҳия.

Дар чорабинӣ раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Даврон Эргашев ва яке аз пайвандони марҳум Салоҳиддинова Матлуба дар бораи ҷасорату мардонагии марҳум Суярқулов Ҷасур сухан ронданд.

Суярқулов Ҷасур 5-уми августи соли 1993 дар деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Ғончӣ (ҳозира Деваштич) таваллуд шудааст.

29-уми апрел прапоршик Суярқулов Ҷасур ҳангоми адои хидмат ба ҳалокат расид. Ҷасур оиладор буд ва пас аз 4 моҳи маргаш соҳиби духтарча гардид.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here