Мувофиқи омори расмие, ки нашр мешавад, дар дунё шумораи нафароне, ки аз коронавирус сироят ёфтаанд, ба 63 072 475 расида, 1 465 181 ба ҳалокат расидаанд. Айни ҳол 18 061 465 аз ин вирус беморанд ва 43 545 829 кас шифо ёфтаанд.

Шумораи бештари гирифторони ин вирус ҳоло ҳам дар ИМА ба қайд гирфта шудаанд, ки 13 750 404 нафаранд ва 273 072 кас ба ҳалокат расидаанд. Айни ҳол 5 370 129 нафар беморанд ва 8107203 каси дигар шифоёфтагон ҳастанд.

Дар Ҳиндустон 9 432 075 нафар гирифтори CoViD-19 шудаанд, ки 137 177 кас ба ҳалокат расидаанд. Дар ин ҷо низ шумораи шифоёфтагон 8 847 600 нафар гуфта мешавад. Дар Бразилия, ки дар ин рӯйхат сеюм аст, 6 314 740 каси сироятшуда маълум шудаанд. Дар ин ҷо 172 848 кас қурбони ин вирус гаштаанд ва 5 578 118 кас шифо ёфтаанд.

Дар Тоҷикистон то шоми дирӯз шумораи умумии гирифторон 12155 нафарро ташкил мекард. Шабонарӯзи гузашта (29-уми ноябр) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар шабонарӯзи охир 41 нафар табобат гирифта, аз бемористонҳо рухсат шудаанд. Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь