Конфронси солонаи 46-уми гурӯҳи Бонки исломии рушд, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, ба поён расид. Ёдовар мешавем, ки ин конфронс чаҳор рӯз давом кард ва дар он аз 54 кишвари дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилон ширкат карданд.

Ноиби сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон-вазири сармояҳо ва тиҷорати беруна Сардор Умурзоқов 4 сентябр тайи як нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ин давраи пахши бемории куруно дар шаҳри Тошканд баргузор шудани нишасти солонаи БИР ҳодисаи муҳим мебошад.

Вай афзуд, ки дар ин нишаст мақомоти раҳбарии БИР ва аъзои ҳайатҳо иштирок карданд ва эътироф гардид, ки саҳми Ӯзбекистон дар рушди олами ислом хеле калон аст.

-Ба мо имкон дода шуд меҳмонони олимақомро, ки ба намояндагӣ аз бизнес, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, инчунин сармоягузорони хусусӣ ширкат намуданд, пазироӣ кунем ва як майдони васеи мулоқотҳоро фароҳам оварем,-изҳор кард Сардор Умурзоқов.

Ба таъкиди ноиби Нахуствазири Ӯзбекистон, хушбахтона, ба далели масъулиятшиносона бархӯрд кардани онҳо нисбати ин чорабинии бонуфуз ва таъмини амнияти санитариву эпидемиологӣ дар миёни иштирокчиёни он ягон ҳодисаи сироятшавӣ ба куруно мушоҳида нашуд.

Гуфта шуд, ки дар ҷараёни ин нишаст як қатор чорабиниҳои муҳим ва пурмазмун роҳандозӣ шуданд, ки иштирокчиёни он аз ин чорабиниҳо хеле босамар истифода бурданд.

-Иштирокси бевоситаи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ баёнгари он мебошад, ки ҳамкории мо бо БИР аҳамияти хосаеро касб намудааст ва лоиҳаҳои зиёд боз мавриди татбиқ қарор хоҳанд гирифт. Президент Шавкат Мирзиёев дар робита ба доман густардани фаъолияти БИР якчанд пешниҳоди ҷолибро дар миён гузошт,-гуфт Сардор Умурзоқов.

Маълум шуд, ки бо дар миён гузоштани масъалаҳои мубрам оид ба таъмини амнияти хӯрокворӣ аз роҳи татбиқи пуросаҳои муҳим дар кишоварзӣ, истифодаи фаровони манбаҳои энергетика ва технологияҳои экологӣ доираи сармоягузориҳо васеътар мегардад, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошад.

-Мехоҳам итминон дошта бошам, ки ҳамкорони ман-намояндагони ҳукумат, роҳбарони вазоратҳои калидӣ, инчунин намояндагони доираҳои соҳибкорӣ аз ин нишаст иттилоҳои муфидро ба даст олварданд ва онро дар таҷрубаи худ истифода хоҳанд кард,-зикр намуд Сардор Умурзоқов.

Ба гуфтаи мавсуф дар доираи ин чорабинӣ форуми “Рӯзи сектори хусусӣ” баргузор гардид. Дар он 500 нафар намояндагони доираҳои мухталифи БИР ва созмонҳои духтарии он, коршиносон,  бизнесменҳову соҳибкорон аз кишварҳои гуногун ширкат варзиданд.

-Хурсандибахш аст, ки ин гирдиҳамоӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Самараи ҳамкориҳои мо, бидуни иштибоҳ, барои рушди иқтисодиёт, ривоҷи биснеси хурду миёна  ва беҳбуди инфрасохторҳои иҷтимоӣ чи дар кишвари мо ва чи дар мамолики дигар хеле мусоидат хоҳад кард,-гуфт Сардор Умурзоқов.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ӯзбекистон, Арабистони Саъудӣ ва БИР дар бораи ҳамкорӣ қатънома ба имзо расониданд. Бар асоси он Хазинаи тавсеаи имкониятҳои иқтисодии Ӯзбекистон бо сармояи аввалияи 100 миллион доллари амрикоӣ  таъсис меёбад. Интизор меравад, ки хазинаи он то ба 500 миллион доллар боло хоҳад рафт.

-Корҳоямонро натиҷагирӣ карда, ба ҳамкор ва бародари худ, раиси БИР, Ҷаноби олӣ Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассир  ва роҳбарияти ин бонк ибрози сипосгузорӣ мекунам, ки маҳз барои баргузории нишаст пойтахти Ӯзбекистон-шаҳри Тошкандро интихоб намуданд,-гуфт ноиби нахуствазири Ӯзбекистон.-Муҳимтар аз ин, баргузории ин нишаст ба таҷлили 30-умин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон рост омад.

Раиси БИР Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассир дар ин нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки нутқи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи нишасти 46-уми гурӯҳи БИР барояш манбаъи илҳом гардид.

-Дар Тошканд моро хеле хуб пазироӣ карданд ва намунаи олии меҳмоннавозиро нишон доданд. Гузашта аз ин, чорабиниҳои изтирорӣ боис гардид, ки нишасти мо дар фазои амну осудагӣ гузарад,-гуфт Сулаймон ал-Ҷассир.

Раиси БИР ба ҳамаи онҳое, ки новобаста аз пахши КОВИД-19 аз мамолики дуру наздик ба Тошканд омаданд ва дар он ширкат карданд, ибрози минатдорӣ намуд.

-Дар мулоқотҳо аз 46 мамлакати аъзо 4 ҳазору 100 нафар иштироккунандагон буданд ва аз 27 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ намояндагони ташкилотҳои ҳамкор ҳузур доштанд. Имкон фароҳам омад, ки ғояҳо дар миён гузошта шаванд, фикрҳо иброз гарданд,-гуфт Раиси БИР.

Ба таъкиди ӯ табодули назарҳо дар ин чаҳор рӯзи охир мунҷар ба он шуд, ки донишу маҳорати ҳама боз афзоишу такмил ёбад.

-Бояд эътироф намуд, ки пахшшавии КОВИД-19 дар мамлакатҳои аъзои БИР оҳиста коҳиш меёбад. Бо вуҷуди ин, се мавзӯи дурнамо дида баромада шуд: суръат бахшидани барқароршавии баъди КОВИД-19, мубориза ба муқобили афзоиши камбизоатӣ, барои афзоиши барқарорӣ ва фаровонӣ, кумаккунӣ ба “ривоҷи сабзи иқтисодӣ” дар мамолики аъзои БИР,-тазаккур дод Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассир.

Вай инчунинн ибрози хушҳолӣ кард, ки миёни гурӯҳи БИР ва даҳ мамлакати аъзои он бо маблағи 1,2 миллиард доллари ИМА 30 созишномаи молиявӣ ба имзо расид. Ин маблағҳо соҳаҳои тандурустӣ(ваксинаҳои КОВИД-19), таъмини об ва вазъи санитарӣ, рушди кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, амнияти хӯрокворӣ, молияи исломӣ, бизнеси хурду миёнаро фаро хоҳанд гирифт.

-Аз ин маблағ 330 миллион доллари ИМА барои манфиатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарф карда мешавад,-гуфт Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассир.

Вай афзуд, ки соли 2022 ҷамъомади солонаи БИР дар Миср баргузор мегардад ва умедвор аст, ки  дӯстони инҷоиро он ҷо низ хоҳад дид.

Бо ҳамин 4 сентябр конфронси 46-уми гурӯҳи БИР дар шаҳри Тошканд ба анҷом расид.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here