Ахиран вояњои воксани деринтизори “Спутник V”-и русӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар иттилоъ дода, гуфт, воксан “дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 13 август, ба Тоҷикистон 50 ҳазор маҷмуъ барои 50 ҳазор нафар воксани “Спутник V”-и Русия ворид гардид”.

Алҳол маълум нест, ки воксани мазкур кай ва ба кадом қишри аҳолӣ пешниҳод карда мешавад, аммо вазорат мегӯяд, он “дар асоси рӯйхати тартибдодашуда ба шаҳрвандон гузаронида мешавад”.

Ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, феълан дар Тоҷикистон аз воксани “AstraZeneca”-и бритониёӣ, “CoronaVac”-и чинӣ ва “Moderna”-и амрикоӣ истифода мешавад ва беш аз 1,5 миллион нафар шаҳрванди кишвар воксан гирифтаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here