Зиндагӣ гоҳе дар масири худ шахсро ба нафароне рӯ ба рӯ ва ошно месозад, ки онҳо минбаъд дар тӯли ҳаёт барои шахс як нафари хеле наздик, дӯсти мушфиқу ғамхор ва билохира бародар мегарданд, ки он мояи ифтихор ва хушбахтӣ аст. Бо амри тақдир камина низ дар зиндагӣ ба нафароне ошноӣ пайдо намудаам, ки онҳо хислатҳои ҳамидаи инсониро дороянд. Ин хислатҳои хамидаи инсонӣ буд, ки бо чунин шахсони дарвоқеъ дӯстдоштанӣ банда низ ошноӣ пайдо кардам.

Овони донишҷӯиям, аниқтараш соли 1998, дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт иттифоқан бо як ҷавони пахлавонҷусса, зебо, хушгуфтор, хушрафтор  вохӯрдам. Ҳангоми суҳбат гуфт, номаш Мушарраф асту дар ҳамин бинои 14 зиндагӣ мекунад. Ман ҳам худамро муаррифӣ кардам. Суҳбати мо қӯр гирифт. Эҳсос кардам, ки ин нафар хеле ҷавони бофарҳанг аст, зеро дар гуфтораш алфози кӯчагиро нашунидам. Дар баробари ин маълум гашт, ки донандаи хуби забони арабӣ ва англисӣ низ ҳаст, зеро ҳангоми суҳбат бо забони арабӣ чанд ҳадис ва оятро гуфту мазмунашро шарҳ дод. Намедонам аз сари соддагӣ буд, ё чизи дигар, ки гуфтамаш, ака шумо муллоед, хандида гуфт: «Не, додар, ман мулло нестам». Ҳангоми хайрухуш гуфт ту дар ягон ҷой машқ мекунӣ?.. Ман гуфтам, ки не. Гуфт пагоҳ вақти бегоҳирӯзӣ назди мактаби № 95 биё. Мисли дигар навҷавонҳое, ки дар ин синну сол мехоҳанд ба тарбияи бадан ва тамрин машғул шаванд ман, низ дар дил ин ҳавасро доштам, вале намедонистам, ки аз чӣ оғоз кунам. Фардо мо дар назди мактаб вохурдем ва тамрини мо аз ҳамон рӯз шуруъ шуд.

Баъд аз тамрини рӯзи аввал ман ба Мушарраф шӯхиомез гуфтам, “ака ман нафаҳмидам ту муллоӣ ё варзишгар”, ки аз ин шӯхиям хеле хандаи самимона кард. Ва аз ҳамин лаҳза мо бо ҳам дӯстӣ пайдо намудем. Мо дар як ҳафта се рӯз тамрин менамудем. Овозаи он, ки дар варзишгоҳи мактаби № 95 як мураббии хеле боистеъдод тамрин медиҳад, натанҳо дар маҳаллаи Зарафшон, балки дар дигар гушаву канори шаҳр низ паҳн гардид.  Ин буд, ки аз ҳар гушаву канори шаҳр барои тамрин ба варзишгоҳи мактаби № 95 ҷавонони зиёде меомаданд ва ин ҳолат Мушаррафро хеле хурсанд мекард. Робитаи дӯстии ман бо Мушарраф хеле мустаҳкам гардид. Дарёфтам, ки ӯ дар оилаи  шахси хеле бофарҳанг тарбият ёфтааст ва бовариям ба ӯ зиёд шуд.

Робитаи дӯстӣ ва бародарии мо ба ҳадде расид, ки аксаран гумон мекарданд, ки мо бародари ҳамхунем. Нафароне, ки бо мо ошноӣ доштанд, аз ман ҳолу аҳволи ӯро пурсон мешуданду аз ӯ ҳолу аҳволи маро.

Боре як шиносро дар назди мағозаи хӯрокворӣ вохурдам, баъд аз аҳволпурсӣ гуфт, “акаат чи ҳол дорад?”. Ман каме ҳайрон шудаму худ ба худ гуфтам, охир ман ака надорам, вай дар идомаи суханаш гуфт “э, мардак  Мушарраф, чи ҳол дорад?”. Ман зуд мақсадашро фаҳмидаму гуфтам шукри худо сиҳату саломат аст.

Воқеан, овони навҷавонӣ бо хаёлҳову орзуҳои ширин зудгузар будааст ва намедони, ки фардо туро чи интизор аст. Шояд ширинии зиндагӣ дар он бошад, ки кас надонад, ки ӯро фардо чи интизор аст.

Баъд аз хатми донишгоҳ ман дар худи донишгоҳ ба кор даъват шудаму Мушаррафро бошад каме дертар барои кор ба китобхонаи миллӣ даъват намуданд. Мушарраф маро борҳо дар ҳамоишҳои илмӣ, мизҳои мудаввар, семинар ва конфренсияҳо барои баромад намудан даъват намудааст. Истеъдод, малака ва донишу  таҷрибаи ӯро ба назар гирифта роҳбарияти китобхона сарварии яке аз шуъбаҳои муҳимро ба зимааш вогузор намуданд.

Ногуфта намонад, ки ӯ дар зиндагӣ як шахси ҷаҳондидаву ҷаҳонгаштааст. Ва ҳамин боис гардид, ки ӯ дигар бора аз Тоҷикистон ба хориҷа сафар намояд.  Боре гуфтамаш, ки “ака умри ману ту аз чил гузашт биё, хориҷаро яктараф мону кору фаъолиятатро дар Тоҷикистон давом деҳ”. Дар ҷавоб гуфт, “Шайх, хориҷа зиндагии хуб дораду диламро ҳам гирифтааст. Ҳамин ҳуҷаати қайди истиқоматамро (вид на жительство) дуруст кунам, ки рафту омад бе мушкилот шавад, дигар намеравам”.

Аммо, зиндагӣ таззодҳои дигар, муаммоҳои дигар, сарнавиштҳои дигар ва бозиҳои дигар доштааст, ки касро ҳайратзадаву шигифтангезу моту маҳбут мегардонад.

Моҳи июл (рӯзаш дақиқан дар хотирам нест) дар хона  будам. Дари хонаро касе зад. Духтарчаам дарро кушода омада гуфт, ки “додо шуморо  мепурсад”. Назди дар омада, дидам, ки Судайс, писари калонии Мушарраф. Баъд аз аҳволпурсӣ Судайс гуфт, “амак, бобам да хуна ловуд дора (падарам шуморо ба хона даъват карданд” – лафзи ширини мардуми куҳистони Ванҷ). Ростӣ ин хабар бароям ғайриинтизор буд, зеро аз омадани Мушарраф огоҳӣ надоштам. Осемасар ба дидорбинияш шитофтам.

Ӯ бо ҳамон қомати таҳамтанонаю чеҳраи Юсуфонааш маро ба оғӯш гирифту аҳволпурсӣ намуд. То дер боз суҳбат доштем. Ҳангоми гусел гуфт “Шайх (дар муруре, ки мо ҳамдигарро мешиносем, ман ба ӯ ака гуфта муроҷиат мекардаму ӯ ба ман Шайх ва гоҳе Шайхи Камол”) пагоҳ ман туро интизор, биё  дӯстону рафиқон ба дидорбинии ман меоянд.

Фардо ба манзилаш рафтам, ки дар ҳалқаи дӯстон суҳбат дошт.  Бо баробари дидан, маро аз ҷояш хесту гуфт, «а, бача ман туя гуфтам барвақт биё», гуфтам, «ака дер нашудаст ку». Суҳбат аз ҳар ҷониб аз рӯзҳои рафта, аз воқеаҳои аз сар гузашта аз ҳазлу шӯхиҳои самимии дӯстона идома дошт.

Як рӯз қабл аз иди саиди Қурбон мо дар назди дукон вохурдем ва ҳамдигарро рӯзи ид ба манзили ҳамдигар даъват намудем. Баъд аз ин вохурӣ, ман чандин маротиба тариқи телфон ба ӯ тамос гирифтам, вале гушаки телефонро ҷавоб надод.

Аз як дӯст пурсидам, ки чаро Мушарраф ба занги телфони ман ҷавоб намедиҳад.  Дар посух ба ман гуфт, ту магар хабар надорӣ, ки Мушарраф бемор шудааст, гуфам, не, чи беморӣ, гуфт, COVID.

Ба худ гуфтам, иншаоллоҳ ҷисман, ки пурқувват аст, зуд шифо меёбад, вале ҳайҳот….

Мо дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл…

Тасмим гирифтам, ки  ҳарчӣ зудтар ба дидорбинияш равам, чун оромишро гум кардам.

Бо ҳамроҳии яке аз дӯстон ба дидорбинияш шитофтам. Ман хостам ба наздаш ворид шавам, вале сардухтур иҷозат надод. Аз падари Мушарраф, амаки Муҳаммадёсин, аҳволашро пурсидам, гуфтанд, алҳамдулиллоҳ аз дирӯза хеле беҳтар аст. Аз ин хабар шод шудам.

Фардои он рӯз, 26 август, ҳангоми бозгашт аз дафтари корӣ яке аз дустон ба ман занг зада гуфт, аҳволи Мушарраф вазнин шудааст. Ин хабар ба якборагӣ ҳолатамро дигар кард эҳсос кардам, ки фишорам боло рафт. Дар дил ба парвардигори зулҷалол муроҷиат кардам: Парвардигоро, ба ҷони ҷавони бародарам раҳм кун. Ба дардаш як шифои комилу оҷилро ато фармо. Шитобон ба дари шифохона расидам. Ҳарчанд нигаристам ба назарам аз шиносову дӯстон касе наменамуд. Дар ин вақт як нафар ба назадам омаду гуфт, шумо назди Мушарраф омадед, ман гуфтам, бале. Он лаҳза ӯ ба ман хабареро расонид, ки дар тасфираш қалам дар баробари ман ашк мерезад. Гуфт, ака Мушарраф гузашт…

Ба ростӣ, ки дар давоми умрам хабари шумро бисёр шунидаму дидаму ва ҳатто аз сар гузаронидам, аммо ба гуфтаи мардум чашмам напарид. Бо андаке сабру таҳаммул паси сар мегардиданд, вале бо баробари шунидани ин хабари комилан ногаҳонии шуми даҳшатбор пайкарам ларзиду рафт, гумон кардам, ки замин аз зери поям канда шуду меафтам. Ихтиёрро аз даст додам. Ба мисли кӯдаке, ки  чизи дӯстоштаашро гум кардаву зор-зор фиғону нола мекунад, гиристам.

Вориди ҳуҷрааш гардидам.  Дар наздам нахест, салом надод, саломамро алек нагирифт, балки рӯ ба боло буду ба хоби абад рафта. Эй, дареғи бародари ҷавонмарду ҷавонмаргам…

Хабари марги нобаҳангомат акаҷон, волидайну фарзандон хешу табор ва кулли дӯстону рафиқонатро даҳшатзадаву мотамзада кард.

Бале, бешубҳа саранҷоми зиндагии ҳар инсон марг аст. Вале ту ҷавон рафтӣ, шодии фарзандҳоятро надидӣ, ҷомаи домодиро ба китфи шаҳписарҳоят напушондӣ, во дареғо. Ҷойи ту дар ҳалқаи азизону дӯстон ба ҳамешагӣ холи гардид.

Ҷойи ту дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст…

Марги нобаҳангоми фоҷиаборат зиндагиро дар назарам дигаргун сохт, барои ман мафҳуми дӯсти бародаргаштаро ошкор кард, манзалату мавқеи онро дар умури зиндагиям нишон дод, ки чи гуна ту бароям азиз будаӣ.

Акаҷон мутмаин бош номи неку азизи туро гулписаронат дар маҳфили азизон ҷовидону гиромиӣ медоранд. Вале аз даст додани ту ҷуброннопазир аст.

Ака дар баробари навиштани ин сатрҳо қалам дар баробарам хун мегиряд.

Лола хуни дил нушад,

Настаран кафан пушад.

Сахт мотамангез аст,

Базми дӯстон бе ту…

Агар ашки рехтаи ман ба хотири ту, сабаби нороҳатии руҳат гашта бошад, маро бубахш, ака, зеро маргат бароям боварнокарданист.

Ҷаҳони арҷу сипос ва сари таъзим ба волидони ту, ки чунин як чавонмардро тарбият намудаанд.

Дар фарҷом дуо мекунам, ки:

Дар лаҳад лутфи Худо ёрат бод,

Амали нек мададгорат бод.

Ҳамнишинад ҳама ҳурони биҳишт,

Боғи фирдавс сазоворат бод.

Даргузашти бародари азизам Мушаррафи Ёсинзодаи Нуралиёнро ба волидон, ҳамсару ҷигарбандон ва кулли азизону пайвандон таслият мегӯям.

Бо арзи дуо дӯсти бародаргашта Шайхмуҳаммад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь