Дар натиҷаи ҷамъбасти соли 2020 Бонки Эсхата дар доираи барномаи мусоидат ба тиҷорат бори дигар бо ҷоизаи «Фаъолтаринбонк — эмитент дар Тоҷикистон» аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) мукофотонида шуд.

Имсол чорабинии мазкур ба 30-юмин солгарди БАТР рост омад ва аз санаи 28 то 30 июни соли ҷорӣ дар шабакаи YouTube зери унвони “30 соли тағиротӣ дар пахши мустақим” баргузор шуд.

Ғолибон дар байни 120 бонк — эмитентҳо аз 30 давлати ҷаҳон интихоб шуданд. Ин дастоварди бузург барои дастаи Бонки Эсхата ва такони дигаре барои такмили минбаъдаи фаъолият мебошад. Имрӯз Бонки Эсхата ягона бонкест, ки унвони барандаи ҳафткаратаи ҷоизаи «Фаъолтаринбонк — эмитент дар Тоҷикистон»-ро соҳиб аст.

Ҷоиза ҳар сол гузаронида шуда, бонкҳо аз рӯи миқдор васифати хизматрасониҳо дар соҳаи маблағ гузории тиҷоратӣ баҳогузорӣ карда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки лоиҳаи мазкур барои рушди тиҷоратӣ дар Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ба рушди соҳибкорони кишвар тавассути пешниҳоди аккредитив, кафолати бонкӣ ва қарзҳои тиҷоратӣ мусоидат мекунад.

Хотиррасон менамоем: Аз соли 2004 инҷониб Бонки Эсхата дар доираи барномаи БАТР мизоҷони худро дар муомилоти тиҷорати байналмилалӣ бо шартҳои мусоид дастгирӣ мекунад: содирот ва воридоти молҳо, кӯмак дар таҳвили таҷҳизот аз кишварҳои собиқ шуравӣ, Аврупо ва Осиё, хизматрасониҳои машваратӣ – дастгирии техникӣ ва ғайра.

Бонки Эсхата ба ғайр аз барномаи маблағгузории тиҷории БАТР, инчунин иштирокчии барномаҳои зерин мебошад:

— Корпоратсияи Байналмилалии Молиявии GTFP (Вашингтон, ИМА) — аз соли 2007

— Бонки Рушди Осиё TFP (Минила, Филиппин) -аз соли 2012

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here