Имӯз, 27-уми октябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо зиндагии мардум, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, дидору мулоқот бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба вилояти Хатлон рафт, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти роҳбари давлат.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Сипас, бо ширкати президент маркази перинаталии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз 3 ошёна иборат буда, дорои 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлилгоҳ, модару кӯдак, таваллуд, амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёи калонсолон мебошад. Аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба ин марказ як мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа шуд.

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Макбати хусусии инноватсионӣ»-ро ба истифода дод. Муассисаи таълимии хусусӣ аз таҳхона, 6 ошёна, 22 синфхона, 5 лаборатория, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Сипас, дари бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 ба рӯйи хонандагон боз шуд. Бинои асосии мактаб, ки аз се ошёна иборат аст, дорои 32 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон мебошад.

Дар доираи ҳамин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар коргоҳи истеҳсоли мебел ва сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракати Истиқлол”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Коргоҳи мебелсозӣ ва сардхона дар майдони қариб як гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анваршоҳ Шодмонзода бунёд карда шудааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here