25-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мавқеи Тоҷикистонро роҷеъ ба вазъи имрӯзаи Афғонистон эълом кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ гуфт:

— Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонуниро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум мекунад.

— Барои ҳалли фаврии мушкилот бояд ҳарчи зудтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 дарсади мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

— Сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.

— Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.

— Тоҷикон бояд дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

— Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва  дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here