Дар посух ба авҷ гирифтани хушунатҳо дар Афғонистон, ки мавҷи нави паноҳандагони афғонро дар Тоҷикистон барангехт, Иттиҳоди Аврупо барои маблағгузории кумакҳои башардӯстона ба осебпазиртарин қишри ҷомеа 160 ҳазор евро ҷудо мекунад. То 5 ҳазор мардуми фирории афғон дар вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак хоҳанд гирифт.

Ин маблағгузории Иттиҳоди Аврупо аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барои таъминоти ниёзи аввалия, аз ҷумла маҷмуи хӯрокворӣ, хаймаҳо ва ашёи рӯзгор, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти бештари афғонҳои навомада дар ҳафт дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад. Қисми маблағгузорӣ инчунин ҷобаҷогузории лавозимоти ёрии аввал ба ҶҲАТ дар омодагӣ ба вуруди эҳтимолии паноҳҷӯёни ва фирориёни афғон дастгирӣ хоҳад кард.

Ин маблағгузорӣ як қисми саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ба “Фонди ҳолатҳои фавқуллода” (DREF) мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) идора карда мешавад.

Дар пайи бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1357 километр марзи муштарак дорад, дар чанд ҳафтаи охир шоҳиди омадани мавҷи нави паноҳандагони афғон шудааст. Мувофиқи маълумоти Агентии гурезаҳои СММ, пас аз хуруҷи пурраи нерӯҳои ИМА ва НАТО то охири соли 2021 метавонад дар Тоҷикистон то 50 000 гуреза сабти ном шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь