Дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори профессор Баҳриддин Камолиддинов синфхонаи таълимӣ-омӯзишии “Камоли сухан” ифтитоҳ шудааст.

Синфхонаи мазкур имрӯз, 22 юми октябр, кушода шудааст ва фарзанди устод –  Манучеҳр Камолиддинов китобҳои бадеӣ ва асарҳои илмию публитсистии таълифнамудаи профессорро тӯҳфа кардааст.

Тавре масъулини факултети мазкур иттилоъ доданд, дар ин маросим ректори ДМТ профессор Хушвақтзода Қобилҷон ширкат карда, таъсиси синфхонаи “Камоли сухан” -ро “иқдоми нодир” хондааст ва ба фарзандони устоди зиндаёд Баҳриддин Камолиддинов изҳори сипос кардааст.

Ҳамчунин, Манучеҳр Камолиддинов ваъда додааст, ки рӯзҳои наздик сабти силсила барномаҳои таълимии телевизионии “Ҳусни баён” – и шодравон Баҳриддин Камолиддиновро низ ба синфхонаи “Камоли сухан” дастрас созад. Барномаҳои таълимии мазкур то замони вафоти Камолиддинов тариқи телевизиони “Баҳористон” намоиш дода мешуд ва устод бо тарзу услуби баён ва ширингуфтории хеш миёни наврасон маҳбубият дошт.

Роҳбарияти факултети журналистика мегӯянд, ки синфхонаи “Камоли сухан” ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов бо дастгирии Раёсати ДМТ ва ҳиммати фарзандони устоди зиндаёд созмон дода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь