Ҳаҷми умумии зарари офатҳои табиӣ дар 9 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 85 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шудаст.

Дар моҳи майи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Данғара, Восеъ, Вахш, Ҷомӣ, Фархор ва Ёвони вилояти Хатлон бар асари боришоти зиёди борон сел омада, ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо 85 милиону 900 ҳазор зарари молиявӣ овард. Дар ин бора аз ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон хабар доданд.

Тибқи иттилои ниҳоди мазкур дар ин офатҳои табиӣ 111 манзили истиқоматии сокинон пурра хароб гашта, 170 хонаи дигар қиман зарар дида, ҳамчунин 1 ҳазору 26 иншшоти ёрирасон зарар дидаанд.

Гуфта шуд, ки айни замон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб (43 адад), Вахш (41 адад) ва Ҷомӣ (21 адад) идома доранд.

Роҳбари давалат зимни сафарии   охираш ба вилояти Хатлон аз  рафти сохтмони манзилоҳои истиқоматии сокинони маҳалаҳои офатзадаи ноҳияҳои Ҷомӣ, Вахш ва шаҳри Кӯлоб  дидан ва бо сокинон аз наздик суҳбату мулоқот карда, масъулонро мувазаф сохт, ки дар кутоҳтарин муҳлат корҳои сохтмониро ба анҷом расонанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here