Масъулони МИҲД-и  шаҳри Норак ва ноҳияҳои Носири Хусраву Шамсиддини Шоҳин дар рӯзи аввали сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра аз иҷрои нақша баромаданд.

Ба муносибати рӯзи даъватшаванда дар шаҳру ноҳияҳои мазкур чорабиниҳо бо иштироки масъулони ноҳия, падару модарон баргузор гашт.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳри Норак хабар доданд, ки аз ҷавононе, ки ба хизмати ватан модар сафарбар шуданд,  30 нафар курси ронандагӣ ва 18 нафари дигар курсҳои барқчӣ ва ҳароратро хатм намуда, соҳиби шаҳодатомаи касбӣ гардидаанд.

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми октябри соли ҷорӣ оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом хоҳад кард.

Масъулони дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон талош доранд, дар кутоҳтарин муҳлат нақшаи даъвати тирамоҳиро  иҷро кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь