Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилояти Хатлон нархи гази моеъ то ба 8 сомониву 30 дирам баробар шуда, нархи роҳкиро низ хеле гарон шудааст. Кам ё гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯш ронандагон ва мусофиронро сахт нигарон кардааст.

Даҳҳо ронандаи воситаҳои нақлиёти мусофиркаш изҳори ташвиш карданд, ки ҳоло нархи 1 литр газеи моеъ 8 сомонӣ шудааст, ин ҳам жар ҳоле, ки моҳе пеш нархи 1 литри он 4,5 сомонӣ буд.

– Бисёриҳо мошинҳои худро монда бо таксӣ ба кор ё бозор мераванд. Мо нархи роҳкироро баланд кардем, – гуфт як ронандаи нақлиёти мусофиркаш, ки Ҳасан ном доштааст. – Дар роҳе, ки ман ба мусофиркашӣ машғулам, аввал бо 4 сомонӣ мусофиронро ба манзилашон мерасондам,  ҳоло бо 8 сомонӣ мерасонам, – гуфт ӯ.

Мусофирон низ шиква доранд, ки дар чунин шароит хеле мушкил аст, ки нархи роҳкиро як баробар гарон шудааст.

– Наход ягон ниҳоде набошад, ки нархҳоро назорат кунад, – гила кард Ҳамида, як сокини вилоят.

Савдогарони бозору мағозаҳо низ гуфтанд, яке аз сабабҳои гарон шудани нархи молу маҳсулот дар бозорҳо ба баланд шудани нархи сӯзишворӣ рабт дорад.

Фурӯшандагони нуқтаҳои сӯзишворӣ омили баланд шудани нархи газро кам ворид шудани он ва гарон шудани он дар кишварҳои содироткунанда арзёбӣ карданд.

Имрӯз мо худ мушоҳида кардем, ки дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории дигар гази моеъ нест. 100  ронандаи воситаи нақлиёт дар назди нуқтаи сӯзишвории «Ориён»-и шаҳри Бохтар дар навбат буда, ҳатто канори роҳро низ банд карда буданд.

Як масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ки омили баланд шудани нархи сӯзишворӣ ин қатъ шудани воридоти он аз кишварҳои Русияву Қазоқистон мебошад.

Ӯ гуфт, беш аз як ҳафта мешавад, ки дигар тамоман газ ворид намешавад. Газе, ки имрӯз дар нуқтаҳои фурӯш мебошад, газҳои пешворидшуда аст. Аз ин сабаб ҳолол нархи он гарон аст.

– Гуфтушунидҳо миёни кишварҳои воридкунандаи маводи сӯхт, аз ҷумла газсодиркунанда, идома доранд. Умед аст нархи он арзон шавад, – илова карданд аз ниҳоди мазкур.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь