Кормандони хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон дар 5 моҳи соли 2019-ум 324 қонуншиканӣ дар самти ҷангалро ошкор карданд, ки маблағи он 56 ҳазору 480 сомониро ташкил медиҳад.

Муовини сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қуваталӣ Назиров зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки аз шумораи қонуншиканиҳо 212 ададаш буридани ғайриқонунии дарахтон, 40 санад аз ҷамъоварии ғайриқонунии гиёҳони шифобахш, 38 санади чорвочаронии худсарона ва 23 санади дигар аз шикори ғайриқонунии ҳайвоноту парандагон мебошад.

– Бештар қонуншиканӣ дар самти ҷангал дар минтақаи Кӯлоб ба қайд гирифта шудаст. Масъалае, ки кормандони хоҷагиҳои ҷангали вилояти Хатлонро нигарон кардааст, ин шикори ҳайриқонунии кабк аз тарафи сокинон мебошад.  Баҳри пешгириии он тамоми тадбирҳо андешида шудаанд. Айни замон дар кӯҳу пуштаҳои вилояти Хатлон 12 ҳазору 620  кабк ба қайд гирифта шудааст, ки аз он  1634 кабки ҳилол мебошад, – илова кард Қуваталӣ Назиров.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь