Аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Хатлон тариқи сохтмони асосии вилоят бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёди 5 иншоот ба нақша гирифта шудаст. Дар ин бора роҳбари Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдулозода Абдулвоҳид дар нишастии матбуотӣ хабар дод.

Роҳбари Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдулозода Абдулвоҳид

Ин шахси масъул афзуд, ки аз иншоотҳои мазкур муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда  дар ноҳияи Кӯшониён,  мактаб барои 320 хонанда дар ноҳияи Хуросон, бинои МИМҲД-и ноҳияи Панҷ сохта ба истифода дода шуданд.

— Муассисаи томактабӣ дар шаҳри Левакант бо 210 ҷой дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, инчунин дар ноҳияи Данғара Беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо 200 кат сохта ба истифода дода шуд ва ҳоло дар бинои озмоишгоҳи санитарӣ ва ошхонаи беморхона пурра омода шуда, насбу васли таҷҳизотҳои тиббӣ ва таъминоти он,  ҷиҳози ҳуҷраҳои беморон идома дорад, — илова кард А. Саъдулозода.

Манбаъ иттилоъ дод, ки дар ихтиёри Раёсати сохтмони асосии вилояти хатлон 32 иншооте, ки солҳои пеш сохтмонашон оғоз гардидаву то ҳол нотамом боқӣ мондаанд, вобаста шудааст, ки имсол аз ҳисоби беҷети вилоят  7 миллиону 540 ҳазор сомонӣ барои онҳо пешбинӣ шудаст. Ҳамчунин, бо қарори раиси вилоят беш аз ним миллион сомонии дигар маблағ ҷудо  шудаст.

— Иншоотҳои боқимонда, ки дар ихтиёри Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон  қарор доранд мариҳила ба марҳила бунёд хоҳанд шуд, — илова кард номбурда.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here