– Дар вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ  48 корхона ва коргоҳи навтаъсиси соҳаи саноат бо 422 ҷойи нави кор бунёд гардидааст, – гуфт раиси  вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матбуотӣ.

Раиси вилоят, ҳамчунин, афзуд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 266 адад корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ будёд карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҷуз ин дар вилоят бахшида ба ин ҷашн 7 ҳазору 261 адад бинову иншоотҳои таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шуданд ва ҳоло дар 460 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Гуфта шуд, ки ҳукумати вилояти Хатлон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса намуда, дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 85 иншоот дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта ба истифода додааст.

Дар нишаст қайд гардид, ки дар вилоят аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад бо харҷи 73 миллиону 472 ҳазор сомонӣ роҳҳо таъмиру навсозӣ шудананд, ки дар ин саҳми соҳибкорон назарас мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь