Дар вилояти Хатлон то якуми июли соли ҷорӣ бақияи қарзи андоз 178,9 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба аввали сол бештар аз 11 миллион сомонӣ кам мебошад.

Аз Раёсати андози вилояти Хатлон хабар доданд, ки қарзи андоз бештар ба шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён-18,4 миллион сомонӣ, Вахш-17,3 миллион сомонӣ, Ҷомӣ-10 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, Кӯлоб-16 миллиону 416 ҳазор сомонӣ, Восеъ-13,4 миллион сомонӣ, Фархор-10,5 миллион сомонӣ,  Данғара ҳудуди 8 миллион сомонӣ ва ба ин монанд қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз аз 4  то 8 миллион сомонӣ мавҷуд мебошад.

Аз ниҳоди мазкур хабар доданд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети вилояти Хатлон беш аз 106 дарсад, ё 1,1 миллиард сомонӣ, ворид карда шуд, ки ин нисбати нақшаи пешбинишуда 59,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь