Соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилояти Хатлон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 айни замон 84 дарсад омода шуда, маблағгузорӣ барои хариди маводи сӯхт ҳоло идома дорад.

Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки баҳри омодасозии хоҷагии халқи вилоят ба тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 мувофиқи сметаи хароҷотии муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят бо ин мақсад 7,2 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин маблағ алакай зиёда аз  5  миллиону 782 ҳазор  сомониаш пардохт шудааст.

– Ҳамчунин, ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 854 ҳазору 954  сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки ба ҳолати имрӯза  беш аз 722 ҳазораш пардохт гардидааст, – қайд кард Назарзода.

Ба гуфти ӯ ҳоло соҳаи маориф ба зимистон 80 дарсад ва соҳаи тандурустӣ 84 дарсад омода мебошанд.

Сарраёсати молияи вилоят ва раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо кӯшиш доранд, ки рӯзҳои наздик пурра маблағгузориро барои зимистонгузаронӣ ба охир расонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь