Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон гузашти низомӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин гаштҳо зиёда аз 53 ҳазор  аз сохтору мақомоти гуногуни шаҳру навоҳии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарони дар эҳтиётбуда, сарбозони қисмҳои ҳарбии вилоят ва дигар шаҳрвандон иштирок карданд.

Чунин паради ҳарбӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар доир гашт, ки дар он 10 ҳазор нафар ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва захираҳои сафарбарии шаҳру ноҳияҳои вилоят  иштирок доштанд. Баъд аз гашт гузашти техникаҳои ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ дар вилоят низ баргузор шуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамаи иштирокчиёни гашти низомиро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона шодбош гуфт. Раиси вилоят зимни суханронии худ қайд кард, ки маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ба як неруи пуриқтидори давлатӣ ва сипари боэътимод табдил ёфта, шароити муносиб барои афсарону сарбозон таъмин гардидааст.

Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар баргузории чорабиниҳои гуногун идома доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here