Аз аввали соли равон бо сабаби хавфнок будани кӯлу дарёҳои ҳудуди вилояти Хатлон, ҳамчунин, кам, ё тамоман набудани ҳавзҳои шиноварӣ, дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бемасъулиятии баъзе волидон, 18 нафар дар кӯлу рӯдхонаҳо ғарқ шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 нафар зиёд мебошад.

Аз  Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар суҳбат ба “Фараж” гуфтанд, ки аз шумораи ғарқшудаҳо 40 дарсадашро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки дирӯз се нафар, аз ҷумла як нафарӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Шаҳритус ва Ёвон ғарқ шуданд.

Омили ғарқшавии сокинонро масъулони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон беаҳамиятии волидон, гармии зиёди ҳаво, кам, ё тамоман набудани ҳавзҳои шиноварӣ, арзёбӣ карданд.

Манбаъ афзуд, ки барои пешгирии ғарқшавии сокинони вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ пурзӯр карда шуда, инчунин, дар назди рӯдхонаву дарёҳое, ки хатарноканду дар онҳо шиноварӣ кардан қатъиян манъ аст, шиору овезаҳо насб карда шудаанд.

Коршиносони маҳаллӣ мегуянд, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои гармтарини кишвар ба ҳисоб рафта, рӯзҳои охир гармии ҳаво дар ин минтақа ба 48 дараҷа расидааст. Дар ин гармои шадид сокинон бештар ба назди кӯлу дарёҳо шитоб намуда, аз риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва оббозӣ дар каналҳое, ки дар онҳо шиноварӣ кардан қатъиян манъ аст, чанде аз онҳо ғарқ шудаанд.

Бояд мақомоти маҳали шаҳру ноҳияҳо, бахшҳои ҷавонон, раисони ҷамоатҳо сари ин масъала, яъне  бунёди ҳавзҳои шиноварӣ ва дастрасии кӯдакону наврасон ба онҳо чораҷӯӣ намуда, ба ин васила аз эҳтимоли ғарқшавии онон дар дарёҳо пешгирӣ кунанд, мегӯянд аз ин ниҳод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь