Дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона бо сармояҳои ду соҳибкор барои кишти зироати помидор ва бодиринг гармхонаҳо сохта мешаванд. Аллакай як гармхона сохта шудаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки чунин ҳамкории соҳибкорони ду кишвари дӯсту бародар – Ӯзбекистону Тоҷикистон дар таъмини бозорҳои вилояти Фарғона ва берун аз он бо помидор ва бодиринг хеле мусоидат менамояд.

Аз суҳбат бо роҳбари корхонаи муштараки Ҷамъияти саҳҳомии “RISHTAN PREMIUM VEGETABLES” соҳиби нишони давлатии “Дӯстӣ” Изробӣ Усмонова бармеояд, ки барои бунёди ду гармхона 500 ҳазор доллари амрикоӣ тақозо мегардад. Ҳоло як соҳибкори тоҷик аз ноҳияи Истаравшан 240 ҳазор доллар барои сохтмони ин гармхона сармоя ворид кардааст.

– Гармхонаи якум имсол маҳсулоти фаровон ба бор овард ва онро дар бозорҳои вилоят ба фурӯш расонидем. Ҳоло марҳалаи дуюми кор босуръат идома дорад. Баъди бунёди гармхонаи дуюм онро муҷаҳҳаз месозем ва ба сохтани гармхонаи сеюм нерӯ ва маблағҳоро равона хоҳем кард, – мегӯяд Изробӣ Усмонова ба мухбири “Фараж”.

Гармхонаи якум ба дарозии 100 метр ва арзи 40 метр сохта шудааст.  Тӯл ва арзи гармхонаи дуюм 90 ба 40 метрро ташкил мекунад. Барои гарм кардани он дар ноҳияи Риштон гази табиӣ фаровон аст.

Бунёди корхонаи муштараки Ҷамъияти саҳҳомии “RISHTAN PREMIUM VEGETABLES” аз падидаҳоест, ки дар ноҳияи Риштон арзи вуҷуд намудааст.

Дар маркази ин ноҳия бо сармояи Тоҷикистон як боғчаи кӯдакон бунёд мегардад. Ба далели њамагир шудани коронавирус сохтмони он як муддат мутаваққиф сохта шуд. Ҳамчунин дар ин шаҳр “Хонаи дӯстӣ”-и Ӯзбекистону Тоҷикистон низ бунёд гардид, ки барои баргузор намудани маросими кушодашавии он омодагӣ гирифта мешавад.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, вилояти Фарғона, Ӯзбекистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь