Дастаи мунтахаюи ҷавонони футболбози Тоҷикистон (U-19) дар оғози Ҷоми миллатҳои араб-2021 дар Миср аз дастаи ҳамсолои худ аз Марокаш бо ҳисоби 1:6 мағлуб шуд. Голи ягонаро аз дастаи мунтахаби мо Хусрав Тоиров зад.

Дар бозии дигари гурӯҳи В дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бар тими Ҷибутӣ пирӯз шуд — 8: 0.

Дар даври дуюм ҷавонони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 23-юуми июн бо ҳамсолонашон аз АМА бозӣ хоҳанд кард. Ин бозӣ соати 22:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дар Ҷоми миллатҳои араб-2021 дар Миср, ки дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим карда шудаанд, дар маҷмӯъ 16 дастаи ҷавонон ширкат мекунанд. Дар охири марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба плей-офф роҳ меёбанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here