Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев аввалин пирӯзиро дар Ҷоми миллатҳои араб-2021 дар Миср ба даст овард.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ дар гуруҳи В дастаи мунтахаби ҷавонони мо ҳамсолони худро аз АМА бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Ҳар се голи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадалӣ Азизбоев ба самар расонд.

Дар бозии дигари гурӯҳи В дастаи мунтахаби Марокаш ба дастаи Ҷибутӣ бо натиҷаи 4:0 пирӯз шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои ду даври бозӣ, ҷадвали мусобиқаро дар гурӯҳ Марокаш, ки 6 имтиёз дорад, сарварӣ мекунад. Дастаҳои Тоҷикистон ва АМА сеимтиёзӣ доранд.

Акнун, дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар Ҷоми миллатҳои араб-2021 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ҷибутӣ бозӣ хоҳад кард. Ин вохӯрӣ рӯзи шанбеи 26-уми июн баргузор мешавад ва соати 22:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар бозии якум аз дастаи Марокаш бо натиҷаи 1:6 мағлуб шуда буданд. Барои ба даври дигар баромадан футболбозони Тоҷикистон бояд дастаи Ҷибутиро, ки аз заифтарин дастаи ин мусобиқа ба ҳисоб меравад, мағлуб кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here