Шоми рӯзи якшанбе, 3 октябр, дар шаҳри Тошканд маросими анҷоми Фестивали сенздаҳуми байналмилалии синамо баргузор гардид, ки таҳти унвони “Дурдонаи роҳи бузурги абрешим” гузашт. Дар он аз 50 кишвари олам ҳудуди 300 чеҳраи намоёни синамо, ҳунарпешаҳо, коргардонҳо, инчунин меҳмонон, ширкат карданд.

Дар маросим аз номи иштирокчиёни фестивал ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев паёми хоси минатдорӣ ироа гардид. Гуфта шуд, ки маҳз бо ташаббуси вай ин фестивал дубора зинда гардид ва намояндагони санъати бебаҳо-синаморо аз чаҳор гӯшаи олам дар Тошканд гирдиҳам овард.

Ногуфта намонад, ки он бори нахуст дар шаҳри Тошканд  соли 1968 ба номи “Фестивали синамои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин” арзи вуҷуд намудааст.  Он дар ду сол якбор таҳти шиори “Барои сулҳ, тараққиёти иҷтимоӣ ва озодии халқҳо” ба вуқӯъ мепайваст. Бори охир соли 1997 баргузор шуд  ва баъди 24 соли хамӯшӣ 28 сентябр-3 октябри соли 2021 дубора ин фестивал барқарор ва баргузор гардид.

Шиори асоси фестивали синамои Тошканд  ин бор “Барои сулҳ, маърифат ва тараққиёт” буд. Ба гуфтаи раиси ҳайати ҳакамони фестивал Тимур Бекмамбетов иштирокчиёни он дар чорабиниҳои зиёде ширкат намуданд, ки дар чаҳорчӯби фестивали синамо дар шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон роҳандозӣ шуданд.

-Мо Ӯзбекистони навин, дигаргуниҳои куллӣ ва ислоҳоти доманфарохи онро бо чашмони сар мушоҳида намудем. Дар кишвари шумо хеле корҳои бузург анҷом дода мешаванд. Ба ҳар куҷо, ки ташриф меовардем, моро хеле гарму ҷӯшон истиқбол мегирифтанд ва меҳмоннавозии худро намоиш медоданд. Аз шароите, ки хосатан барои ҷавонони Ӯзбекистон фароҳам оварда шудаанд, хеле хушҳол шудем,-изҳор кард Тимур Бекмамбетов

Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорчӯби ин фестивал як гурӯҳи панҷнафарӣ, ки  аз шумори чеҳраҳои номдори синамо муаррифӣ шудаанд, ба мукофотҳои хоси пулӣ сарфароз гардиданд. Гуфта мешавад, мукофоти пулиро президент Шавкат Мирзиёев  ба ин афрод “Барои саҳми шоиста дар рушди синамои ҷаҳонӣ” тақдим намуд.

Ин мукофотҳои пулӣ 20 ҳазор долларии ИМА-ро ташкил менамоянд. Дар байни ин панҷ нафар Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева низ шомил аст. Вай  аз чеҳраҳои намоёни синамои тоҷик муаррифӣ шудааст.

Вай дар филмҳои ҳунарии “Рустам ва Сӯҳроб”, “Рӯзҳои мозӣ”, “Қаллобии шарқона”, “Афсонаи хоразмиён” ва амсоли он нақшҳои хотирмон бозидааст ва ин нақшҳо ӯро машҳур гардонидаанд.

Дар феҳрасти чаҳор нафари дигар коргардони синамои рус Никита Михалков, коргардони турк Нури Билге Ҷейлон, Ҳунарпешаи мардумии Қирғизистон Айтурган Темирова ва коргардони машҳури Ҳиндустон Умеш Меҳра шомил мебошанд.

Умеш Меҳра ба воситаи филми  “Алибобо ва чиҳил роҳзан” дар Осиёи Марказӣ барои мухлисони синамо маъруфияти хос пайдо кардааст. Дар ин филм ҳунарпешаҳои ӯзбек низ нақшҳоро бозидаанд. Ин филм яке аз беҳтарин намунаи ҳамкории синамогарони Ӯзбекистон ва Ҳиндустон маҳсуб меёбад.

Дар чаҳорчӯби фестивали синамои Тошканд озмуни “Синамо дар панҷ рӯз” роҳандозӣ шуд, ки коргардонҳо бо филмҳои кӯтоҳметражии худ дар он ширкат намуданд. Коргардони ҷавони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ дар номинатсияи “Филми аз ҳама беҳтарин” ғолиб дониста шуд ва соҳиби ҷоизаву мукофоти Фестивали байналмилалии синамои Тошкандро ба даст овард.  Аз рӯи номинатсияи “Нақши аз ҳама беҳтарини мард”  Абдукарим Машраб ғолиб дониста шуд.

Се ҷоизаи асосии ин озмун низ ба соҳибонаш тақдим гардид. Саидаъло Масудхонов (Ӯзбекистон) соҳиби 7 ҳазор доллари амрикоӣ, Пак Су Мин (Куриёи Ҷанубӣ) соҳиби 10 ҳазор доллари амрикоӣ ва Шерзод Назаров мукофоти асосӣ-“Гран при”-и ин фестивалро ба даст овард ва соҳиби 15 ҳазор доллари амрикоӣ шуд.

3 октябр Фестивали байналмилалии синамои Тошканд то намоиши як галаконсерт ба анҷом расид. Интизор меравад, ки он ҳар сол баргузор мегардад ва доираи иштирокчиёни худро беш аз пеш меафзояд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here