Беш аз дусад нафар занону духтарон ва кӯдакони афғони муқими Тоҷикистон субҳи имрӯз, 14-уми сентябр, дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Душанбе бо шиорҳоиКуштори афғонҳоро бас кунед!”, “Бо Панҷшер бошед”, “Зинда бод муқовимат”, “Мо озодӣ мехоҳем”, “Покистон, Покистон, аз Афғонистон берун шав!”, “Таҳсил ҳаққи мост”  ҷамъ омаданд.

Ҳадафи асосии ҷамъомадагон ҳамраъйӣ аз Ҷабҳаи муқовимат бо роҳбарии Аҳмад Масъуд дар вилояти Панҷшери Афғонистон бар зидди сиёсати толибонӣ дар ин кишвар арзёбӣ шуд. Тазоҳургарон ҳамчунин, алайҳи давлати Покистон, ки ба қавли эшон, пуштибони гуруҳи террористии толибҳо аст, шиор доданд ва аз СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки ҳукумати толибонро дар Афғонистон ба расмият нашиносанд.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар тазоҳуроти занону бонувони афғонро ҳаққи маданӣ ва инсонии эшон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маънидод кард ва гуфт, ҷумбиши озодихоҳи занони Афғонистон дар саросари Афғонистон ва ҷаҳон бори дигар дар таърих сабт хоҳад гашт. Ҷаноби Ағбар ҳамчунин, аз ҳукумати толибон интиқод кард ва бо боварӣ иброз дошт: “Ин мутахассисини ислом, ки аз дин на ба шакли дурусташ огоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ наметавонад мошинаи бузурги ҳукуматдориро ба чархиш биёранд”.

Тазоҳури афғонистониҳои муқими Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзҳои 16 ва 17-уми сентябр дар Душанбе ҷаласаҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) баргузор хоҳад шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки мулоқоти роҳбарони ин созмонҳои бузург рӯзи 17-уми сентябр баргузор мешавад ва мавзуи асосии он вазъияти Афғонистон хоҳад буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here