Раиси шаҳри Левакант Давлатзода Заррина дар нишасти хабарии мақомоти шаҳр масъалаи пӯшонидани «курта» ба тани симчӯбу сабадҳои канори роҳи Бохтар-Левакантро шарҳ дод.

Раиси шаҳри Левакант Давлатзода Заррина

— Ин иқдом аз ҷониби соҳибкор пешниҳод карда шуд, мо онро рад накарда, розӣ шудем. Дар оянда низ дар нақша ҳаст, — гуфт раиси шаҳр ва аммо Давлатзода аниқ нагуфт, чӣ дар нақша ҳаст, пӯшонидани матоъ ба тани симчӯбу сабадҳо ва ё чизи дигар.

Чанде пеш раиси ҷамоати деҳоти Гулистони  шаҳри Левакант Ҳалимзода Сафаралӣ ба «Фараж» хабар дода буд, ки ба тани 95 симчуб ва 135 сабади бетонии канори роҳи Бохтар-Левакант 250 метр матоъ пӯшониданидаанд, ки арзишаш тақрибан 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here