Ҷумъабой Азизқулов, энсиклопедист, адабиётшиноси шинохта ва муҳаққиқу мунаққиқи варзидаи тоҷик шоми дирӯз, 13-уми август, дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт. Марги мавсуфро писараш Беҳзод Азизқулов ба мо хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Азизқулов тайи чанд соли охир аз бемории фишорбаландӣ ранҷ мекашид ва дар ду рӯзи гузашта он баланд шуда, дигар пойин наомад.

– Фишори баланд омили даргузашти он кас шуд ва соати 7-и бегоҳи дирӯз ҷонро ба ҳазрати Ҳақ супориданд. Ҳамаи пайвандон рӯи болинашон ҷамъ омадаанд ва видоъи охири худро мекунанд.

Маросими ҷанозаи марҳум соати 10-00-и имрӯз, 14-уми август, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ҷумъабой Азизқулов 10 июни соли 1934 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ба олам омада буд. Мавсуф фориғуттаҳсили факултети таъриху филологияи Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин аст.

Солҳо ҳамчун ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолияти эҷодӣ бурда, 30-сол беш ба ҳайси муҳаррири илмӣ, мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик хидмати ин соҳаро кардааст.

Азизқулов дар ҳалқаи аҳли адаб мавқеъи хос дошт ва бо шахсиятҳои барҷастаи илму адаб, назири Ҳасан Ирфон, Тӯрақул Зеҳнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Шарифҷон Ҳусейнзода, Сотим Улуғзода, Султон Умаров, Лоҳутӣ, Осимӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Аълохон Афсаҳзод ва дигарон ҳамкорӣ ва ошноии наздик дошт.

Дар мусоҳибаи охираш дар ҳафтавори “Самак” ду моҳи пеш гуфта буд, “ду орзуи бузург доштам: яке мехостам хотиротамро гулчин намуда, дар ҳаҷми 4 китоб ёддоштҳо бинависам; ва дигарӣ луғатномаи форсӣ омода созам, ки оригинал бошад; Аммо ҳазорон афсӯс, ки дигар бар сари мизи корӣ нишаста наметавонам”.

Марҳум соли 1974 дар мавзӯи “«Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ” рисолаи номзадӣ ҳимоя карда ва минбаъд намунаҳои осори Саъдӣ, Савдо, Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳамдӣ ва дигаронро таҳқиқ ва барои чоп омода сохтааст. «Пандномаи Синдбод» (1963), «Гулзори ҳикмат» (1966), «Китоби Ҳаким Синдбод» (1979, 2012) дар таҳия ва таҳқиқу тавзеҳи ӯ ба чоп расидаанд. Чандин мақолаи Энсиклопедияи советии тоҷик ва маҷмӯаи мақолаҳои «Андӯхти рӯзгор» (2014) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Қиссаву романҳои В.Шукшин «Суҳбати маҳтобшаб» (1981), А.Олимҷонов «Пайкони Маҳамбет» (1984), «Корвон меравад сӯйи Офтоб» (1966, ҳамроҳи Ҳ.Аҳрорӣ), А.Дюма «Се мушкетдор» ва «Граф Монте-Кристо», асарҳои алоҳидаи О.Гончар, И.Авиҷюс («Бехонумон»), Н.Нерсесян («Рустаму Дилоро»), Я.Гашек («Саргузашти сарбози чолок Швейк»), О.Генри, Р.Такур, А.Аббос Т.Ҷумъагелдиев, В.Латсис ва дигаронро мавсуф ба тоҷикӣ гардондааст.

Тарҷумаи чанд филми ҳунарӣ низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Ҷумъабой Азизқулов то моҳи январи соли равон дар ҳайати Энсиклопедияи советии тоҷик фаъолият дошт. Бо сабаби заъфи саломатӣ оғози сол аз кор канор рафт.

Меҳрофарин Наҷибӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь