Дар Тоҷикистон дигар коронавирус нест?

Дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирус COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.  Инчунин, дар шабонарӯзи охир 5 нафар аз бемории мазкур шифо ёфтаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то дирӯз, 13-уми сентябр, дар кишвар 17084 нафар гирифтори сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то дирӯз 16953 нафар шифо ёфтаанд ва 124 нафар фавтидаанд.

Бо дастгирии шарикони рушд дар чорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба воксанҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 861 ҳазору 540 воя воксани зидди коронавирус ворид карда шудааст, ки барои фарогирии гуруӯҳи мақсадноки аҳолии аз 18-сола боло, ки 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафарро ташкил медиҳанд, пешбинӣ гардидааст. Шуруъ аз 23-юми марти соли 2021 бо истифодаи воксанҳои воридшуда то имрӯз 2 миллиону 168 ҳазору 537 нафар вояи якумро қабул намуд, ки 37,2 фоизи гуруҳи мақсаднокро ташкил медиҳад.

Инчунин аз шумораи иммунизатсияшудагон 1 миллиону 278 ҳазору 240 нафар вояи дуюмро низ қабул карданд, ки 59 фоизро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт гузаронидани воксан имрӯз сатҳи сироятёбӣ ба коронавирус коҳиш ёфта, тайи ҳафтаи охир ҳолатҳои бистаришавии шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ бо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар шаҳри Душанбе шуруъ аз 29-уми августи соли 2021 ягон ҳолати сироятёбӣ ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст ва тамоми муассисаҳои тиббие, ки сироятшудагонро табобат мекарданд, ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштанд.

Аз миқдори умумии воксанҳои воридшуда 1 миллиону 267 ҳазору 40 воя барои фарогирии аҳолии мақсадноки пойтахт ҷудо гардида, ба ҳолати 12-уми сентябри соли ҷорӣ 606 ҳазору 885 нафар аз шаҳри Душанбе (97,0%) бо вояи якум ва 390 ҳазору 416 нафар (62,4%) бо вояи дуюми воксан фаро гирифта шудаанд ва воксангузаронии сокинони пойтахт бо маром идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь